Кӯмак

SalamPay чист?

SalamPay - ин барномаи мобилие мебошад, ки бо ёрии он шумо метавонед бе фоиз ва бо қурби муфид аз Русия ба Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон интиқол фиристед.

Чӣ гуна барномаи мобилии SalamPay-ро пайдо ва ҷорӣ кардан мумкукин аст?

Барномаи мобилии SalamPay-ро шумо метавонед аз тариқи Play Market ва ё App Store бо навиштани “SalamPay” дар сатри ҷустуҷӯӣ дарёфт кунед. Агар барномаи мобилиро дар Play Market ва ё App Store пайдо кардан натавонед, ба сомонаи www.salampay.com даромада, тугмаи "Ҷорӣ кардан"-ро пахш кунед.

Чӣ тавр дар системаи SalamPay бақайдгирӣ мумкин аст?

Барои бақайдгирӣ дар системаи SalamPay, лозим аст:
- барномаи мобилии SalamPay-ро аз тариқи Play Market ва ё AppStore ҷорӣ кунед, инчунин шумо метавонед барномаи мобилиро дар сомонаи www.salampay.com пайдо намуда, онро ҷорӣ намоед.
- дар дастгоҳи худ барномаи мобилии SalamPay-ро ба кор дароред;
- забони барномаро интихоб намоед;
- шартномаи истифодабарандаро қабул кунед;
- рақами телефони мобилиатонро ворид намуда, тугмаи "Ворид шудан"-ро пахш кунед;
- рамзи ба тариқи SMS қабул кардаро ворид карда, тугмаи "Тасдиқ кардан"- ро пахш кунед;
- рамзро барои барнома ҷорӣ карда, онро дар хотир дошта бошед.
Инчунин шумо метавонед аз Touch ID истифода баред, дар ин ҳолат ва дар оянда ворид кардани рамзи дастрасӣ барои ворид шудан ба барномаи мобилӣ лозим нест.

Чи гуна рақами телефонро дар барнома иваз кардан мумкин аст?

Барои иваз кардани рақами телефон дар барнома, лозим аст:
- тугмаи "Профил"-ро дар менюи поёни барнома пахш кунед;
- қисмати "Рақами телефонро иваз кардан"-ро интихоб кунед;
- рақами нави телефон-ро ворид намоед;
- ба рақами наватон SMS-ро бо рамз қабул кунед;
- рамзро аз SMS барои тасдиқ намудани рақами нави телефон ворид карда, тугмаи "Тасдиқ кардан"-ро пахш кунед;

Дар дастгоҳи ман барномаи мобилии SalamPay дастгирӣ намешавад. Чӣ кор кардан лозим аст?

Барномаи SalamPay-ро дар системаҳои оператсионии iOS (версияи 10 ва ё болотар) ва Android (версияи 4.4. ва ё болотар) ҷорӣ кардан мумкин аст. Агар ҳангоми ҷорӣ кардани барнома мушкилие пайдо шавад, ба чати кӯмакрасноии SalamPay муроҷиат кунед.

Рамзи басташавии барномаро чӣ гуна иваз кардан мумкин аст?

Барои иваз кардани рамзи воридшавӣ ба барномаи мобилӣ, лозим аст:
- тугмаи "Профил"-ро дар менюи поёни барнома пахш кунед;
- ба қисмати "Тағйир додани рамз барои воридшавӣ" гузаред;
- рамзи кӯҳнаро ворид намоед;
- рамзи навро ворид намуда, онро тасдиқ кунед;

Кадом кортҳоро ман метавонам барои интиқоли маблағҳо истифода барам?

Барои фиристодани маблағ ба шумо корте лозим аст, ки онро бонки дар ҳудуди Русиябуда бароварда бошад. Бо риоя намудани шарти қайдкардашуда, шумо метавонед бо истифода аз корти худ ба воситаи барномаи мобилии SalamPay маблағ интиқол намоед.

Барои истифодабарии SalamPay пайвасташавии интернетӣ лозим аст ё не?

Барои истифодабарии барномаи мобилии SalamPay ба шумо пайвасташавии интернетии устувор лозим аст.

Бехатарӣ

Барномаи мобилии SalamPay роҳҳои муосирро барои таъмини бехатарии интиқолҳо ва пардохтҳо истифода мебарад. Маълумот оиди интиқол ва гирифтани он ҳамеша дар барномаи мобилиӣ нишон дода мешавад. Ҳангоми бақайдгирӣ дар барнома, метавонед рамзи шахсии воридшавиро гузоред. Амалиётҳо таҳти идоракунии Бонки Марказии Русия қарор дошта, бо Қонуни Федеролии рақами 395 "Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ" мувофиқат мекунанд.