Чиптаҳоро ба воситаи SalamPay харид намоед - маблағҳо ва вақти худро сарфа намоед!

Чиптаҳоро ба воситаи SalamPay бо нархи содиқона харид намоеда маблағи барзиёд насупоред!

Бо хизматрасонии SalamAvia чиптаҳои ҳавопайморо бидуни фоиз ва пардохти изофа харед

Мо бо хушнудӣ ба шумо хабар медиҳем, ки SalamAvia боз бо шумост! Акнун дар замимаи мобилии SalamPay шумо метавонед на танҳо интиқоли пули фиристед, балки чиптаҳои ҳавопаймоиро бидуни фоиз ва пардохти изофа харид намоед. Бо SalamAvia, шумо метавонед бо харидани чиптаҳои ҳавопаймо мустақиман аз смартфони худ дар саросари Русия сафар кунед ё ба ватани худ парвоз кунед.

Нархи чиптаҳоро муқоиса намоед

Хатсайр

Авиакассаҳо*

SalamAvia

Сарфаи шумо

Ташкент

10 811₽
10 230₽

581₽

Душанбе

13 339₽
12 566₽
773₽

Бишкек

13 311₽
12 573₽
738₽

Баку

12 820₽
12 112₽
708₽
*Арзишҳои миёна, нархҳо дар авиакассаҳои гуногун метавонанд аз ҳам фарқ кунанд

Манфиати хариди чиптаҳо ба воситаи SalamAvia

  • Чиптаҳои ҳавопаймо БЕ САРФАИ БАРЗИЁД

    Дар авиакассаҳо маблағи барзиёд сарф накунед. Тасмим гирифтед, ки чиптаи ҳавопаймо харед, нархи чиптаро бо SalamAvia муқоиса кунед, аз мо АРЗОНТАР аст.

  • Сарфа намудани вақти шумо

    Чиптаҳоро дар барномаи мобилии SalamPay харид намоеда вақти худро ба рафтан ба авиакассаҳо ва навбатпоӣ сарф нанамоед. Авиакассаҳо бо реҷаи кори фаъолият менамоянд, ба воситаи SalamAvia бошад, шумо метавонед шабонарӯзӣ, дар вақти барои шумо қулай бо истифода аз смартфони худ харид намоед.

  • Сана ва вақти барои худ қулайро интихоб намоед

    Чиптаҳоро ба воситаи SalamAvia харид намуда метавонед дар ҳолати вақти воқеӣ мавҷуд будан ва нархи чиптаҳоро дар санаи парвози барои шумо қулай тафтиш намоед.

  • Бехатари

    Ҳама амалиётҳои молиявии ба воситаи барномаи мобилии SalamPay амалишаванда барои муштариён бехатар мебошанд. Ҳангоми хариди чиптаҳо ба воситаи SalamAvia шумо аз ширкати ҳавопаймои чиптаи электронӣ ва квитансия мегиред, ва маълумотҳои шахсиатон боэътимод ҳифз мегарданданд.

  • Хизматрасонии қулай

    Хариди чиптаро ба воситаи SalamAvia ҳатто шахсоне метавонанд анҷом диҳанд, ки боре ҳам онлайн чипта харид накардаанд. Хизматрасони барои истифодабаранда ниҳоятан оди ва фаҳмо мебошад, аз ин сабаб хариди чиптаи ҳавопаймои ба хона ба шумо душвори ҳосил наменамояд.

  • Хадамоти дастгирӣ бо забони модарии шумо

    Агар шумо дар бораи харидани чиптаҳо тавассути SalamAvia ягон савол дошта бошед, ба онҳо ҳамеша аз ҷониби дастаи дастгирии мо, ки бо панҷ забон кор мекунад: русӣ, ӯзбекӣ, тоҷикӣ, қирғизӣ ва озарбойҷонӣ ҷавоб хоҳад дод. Душанбе-Ҷумъа аз 08:00 то 21:00 Шанбе-якшанбе аз соати 08:00 то 17:00

  • Ғамхори аз пайвандон ва наздикон

    Ба воситаи SalamAvia шумо метавонед натанҳо барои худ, балки ҳамчунин барои дӯстонатон чипта харид намоед. Шумо инчунин метавонед аз наздикон ва пайвандонатон, ки ба назди шумо сафар карданианд ғамхори намуда ба онҳо дар барномаи мобили чипта харед.

Оё шумо саволи дигаре доред?

Открыть чат

Чи тавр бояд чиптаи ҳавопаймо харид?

Барои харидори намудани чиптаи ҳавопаймо, ба шумо лозим аст:

- Тугмаи “Хариди чиптаи ҳавопаймо”-ро дар саҳифаи асосии барнома пахш кунед;
- Тугмаи “Хариди чиптаи ҳавопаймо”-ро интихоб намоед;
- Самти парвозро нишон диҳед - аз куҷо ба куҷо парвоз мекунед;
- Санаи парвоз, шумораи мусофирон ва дараҷаи парвозро интихоб намоед;
- Тугмаи “Ҷустуҷуи чиптаи ҳавопаймо”-ро пахш намоед;
- Парвози ва тарофаи мувофиқро интихоб кунед
- Тугмаи "Харидии чипта" -ро пахш намоед;
- Ҷинс ва шаҳрвандии мусофиронро интихоб намоед;
- Ному насаб, санаи таваллуд, маълумоти шиносномаро ворид намоед;
- Дуруст будани маълумотро тасдиқ намоед;
- Тугмаи “Идома додан”-ро пахш намоед;
- Пеш аз пардохт маълумоти пурраи чиптаро санҷед;
Тугмаи “Хариди чиптаи ҳавопаймо”-ро пахш намоед;
- Маълумоти корти бонкиеро, ки аз он маблағ барои пардохти чиптаи ҳавопаймоӣ бароварда мешавад, ворид намоед;
- Аз ҳисоби корт баровардани маблағро тасдиқ кунед (ба воситаи рамзе, ки тариқи SMS-хабарнома аз ҷониби бонк ба шумо фиристода мешавад);

Чиптаи харидаатон дар қисми "Чиптаҳои ман" ҷой дода мешавад.

Чиптаро чи тавр бояд пардохт кард?

Пардохти хариди чиптаи ҳавопаймоӣ танҳо дар барномаи SalamPay, бо истифода аз кортҳои дар Русия баровардашуда амалӣ мегардад.

Чи тавр бояд онлайн бақайдгири ба рейсро гузашт?

Бақайдгирӣ ба рейс 24 соат пеш оғоз мешавад. Баъдан метавонед ба сомонаи ширкати ҳавопаймои ворид шуда, мустақилона онлайн-бақайдгириро гузаред.

Чанд соат пеш аз парвоз бояд ба фурудгоҳ ҳозир шуд?

Одатан, бақайдгирӣ ба рейсҳои байналмиллалӣ 3 соат пеш оғоз шуда, 40 дақиқа пеш аз парвоз анҷом меёбад. Мо ба шумо тавсия медиҳем, барои гузаштани санҷиш ва ҳамагуна расмиятҳои пеш аз парвозӣ ба фурудгоҳ пешакӣ ҳозир шавед.

Чиқадар бағожро бепул бо худ гирифтан мумкин аст?

Меъёри кашонидани бағоҷи бемузд аз ширкати ҳавопаймоӣ ва тарофаи чиптаи ҳавопаймое, ки шумо мехоҳед харед, вобаста аст. Шумо метавонед бо маълумот оиди меъёри бағоҷ дар рафти брон кардан шинос шавед.

Чиптаро баргардонидан мумкин аст?

Бале, бозгардонии чиптаи ҳавопаймо имконпазир аст, агар ин дар қоидаи тарофаатон пешбини шуда бошад.
Барномаи SalamPay барои баргардонидан ва хариди чиптаҳои ҳавопаймои ягон намуд боҷ намеситонад. Ҳангоми баргардонидани чиптаҳои ҳавопаймоӣ, мумкин аст боҷҳои изофӣ аз тарафи ширкати ҳавопаймоӣ ситонида шавад. Меъёри ин боҷҳо ҳангоми баргардонидани чиптаи ҳавопаймои муайян карда мешавад.