Кӯмак

Саволҳои доимӣ

SalamPay чист?

SalamPay - ин барномаи мобилии озод аз комиссия ва пардохти фоиз мебошад, ки махсус барои онҳое, ки дур аз манзил буда, аз пайвандону наздикон ғамхорӣ мекунанд, таъсис дода шудааст. Дар барнома системаҳои муосири муҳофизати маълумот ва пардохт истифода шудааст - касе ғайр аз соҳиби дастгоҳ наметавонад бе розигии ӯ барномаро идора кунад.

Барномаро истифода бурда метавонед:

  • бе фоиз ва бо қурби муфид ба Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон интиқол фиристонед;
  • статуси қабули интиқолро ба таврӣ онлайн фаҳмед;

Барои оғози кор бо барнома, онро дар дастгоҳи мобилии худ ҷорӣ карда, раванди соддаи бақайдгириро гузаштан лозим аст.

Чӣ гуна барномаи мобилии SalamPay-ро пайдо ва ҷорӣ кардан мумкин аст?

Барномаи мобилии SalamPay-ро шумо метавонед аз тариқи Play Market ва ё App Store бо навиштани “SalamPay” дар сатри ҷустуҷӯӣ дарёфт кунед. Агар барномаи мобилиро дар Play Market ва ё App Store пайдо кардан натавонед, ба сомонаи www.salampay.com даромада, тугмаи "Ҷорӣ кардан"-ро пахш кунед.

Ба куҷо интиқоли маблағҳо мумкин аст?

Фиристодани интиқолҳо ба Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон мумкин аст.

Маблағи интиқол бо рубл ташкил дода шуда, ба интиқолгиранда бо доллари ИМА ё ҳангоми фиристодан ба корт, бо асъори миллӣ фиристода мешавад. Интиқолҳо бе фоиз амалӣ мегарданд.

Пас аз фиристодани интиқол, статуси онро дар барнома пайгирӣ кардан мумкин аст, он чизе, ки ба шумо лозим аст - ин пайвастаи устувори интернет. Вақте интиқол ба интиқолгиранда дода мешавад, шумо оиди ин, ба таври автоматӣ PUSH-хабарнома хоҳед қабул кард

Чӣ тавр бояд интиқол фиристод?

Барои фиристодани интиқол, дар қисми поёни экран тугмаи "Интиқол"-ро пахш кардан лозим аст. Сипас аз дастурамалщои экрани телефон пайгирь намудан лозим аст. Дар хотир дошта бошед, барои фиристодани интиқоли аввал, ба шумо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва бақайдгирӣ (ВНЖ/РВП) барои вориди маълумоти фиристонандаи интиқол, лозим мешаванд.

Барои пардохти интиқол шумо метавонед аз ҳамаи кортҳои бонкие, ки дар ҳудуди Русия бароварда шудааст, истифода баред.

Чӣ тавр интиқолро бояд қабул намуд?

Интиқолҳоро дар Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон дар шӯъбаҳои бонкҳо-шарикони SalamPay қабул кардан мумкин аст.

Рӯйхати шуъбаҳои бонкҳо-шарикон бо суроға ва маълумотҳо барои тамос, дар қисмати "Нуқтаҳо" дастрасанд.

Барои қабули интиқол, интиқолгиранда бояд бо худ шиноснома дошта бошад, инчунин рақам ва маблағи интиқолро донад.