Кӯмак

Ба куҷо интиқоли маблағҳо мумкин аст?

Маблағро метавонед ба Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон интиқол диҳед.

Чӣ тавр тариқи барномаи SalamPay барои гирифтани интиқол бо пули нақд ба Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон интиқол бояд гузаронид?

Барои фиристодани интиқол ба Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон, лозим аст:

- тугмаи "Интиқол"-ро дар қисми поёни менюи барнома пахш кардан
- тугмаи "Интиқол ба кишварҳои Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Озарбойҷон"-ро интихоб кардан;
- кишваре, ки ба он мехоҳед интиwол фиристонед, интихоб кардан;
- маблағи интиқолро ворид кардан;
- ному насаби интиқолгирандаро ворид карда, дуруст будани онро тасдиқ кардан;
- маълумоти фиристонандаро ворид карда, дуруст будани онро тасдиқ кардан;
- тафтиш кардани маълумоти интиқол пеш аз фиристодан;
- тугмаи "Гузариш ба пардохт"-ро пахш кардан;
- ворид кардани маълумоти корти бонкие, ки аз он маблағи интиқол бароварда мешавад;
- тасдиқ кардани пардохт аз корт (бо ёрии код аз СМС-хабарномае, ки аз бонк қабул карда мешавад);
- ба интиқолгиранда хабар додани маълумот оиди интиқол.

Чӣ тавр тариқи SalamPay ба кортҳои УЗКАРТ, ХУМО, КОРТИ МИЛЛЙ, ЭЛКАРТ маблағ бояд фиристод?

Фиристодани маблағ ба кортҳои системаҳои пардохтии миллӣ, вобаста ба кишвар, мумкин аст. Маблағи интиқол аз корт бо рубл бароварда шуда, ба корти интиқолгиранда бо асъори миллӣ гузаронида мешавад. Барои фиристодани интиқол лозим аст:

Барои фиристодани интиқол лозим аст:

- тугмаи "Интиқол"-ро дар қисми поёни менюи барнома пахш кардан;
- интиқол ба корти УЗКАРТ / ХУМО / КОРТИ МИЛЛИ / ЭЛКАРТ"-ро интихоб кардан;
- маблағи интиқолро бо рубл ё бо асъори миллӣ нишон дода, тугмаи "Ҳисоб кардан" - ро пахш кардан;
- тасдиқ кардани маблағи интиқол бо асъори миллӣ барои гузаронидан ба корт;
- ворид кардани рақами корти интиқолгиранда барои гузаронидани интиқол;
- ворид намудани ному насаби интиқолгиранда ва тасдиқ намудани дурустии маълумот;
- ворид намудани маълумоти интиқолдиҳанда ва тасдиқ намудани дурустии маълумот;
- тафтиш намудани маълумот пеш аз интиқол намудан;
- пахш кардани тугмаи "Гузариш ба пардохт";
- ворид кардани маълумоти корте, ки аз он маблағи интиқол бароварда мешавад;
- тасдиқ кардани пардохт аз корт (бо ёрии код аз СМС-хабарномае, ки аз бонк қабул карда мешавад); - ба интиқолгиранда хабар додани маълумот оиди интиқол.

Лимити маблағи интиқолҳо бо қабули нақд дар Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон

  • Маблағи умумӣ барои як интиқоли байналмилалӣ на кам аз 10 доллари амрикоӣ, ё ин ки ҳамарзиши онро дар рубли русӣ ташкил медиҳад.
  • Маблағи умумӣ барои як интиқоли байналмилалӣ на зиёд аз 100 000 рубли русиро ташкил медиҳад.
  • Маблағи умумӣ барои интиқолҳои байналмилалӣ дар як шабонарӯз на зиёд аз 1200 доллари амрикоӣ, ё ин ки ҳамарзиши онро дар рубли русӣ ташкил медиҳанд.
  • Маблағи умумӣ барои интиқолҳои байналмилалӣ дар як моҳ на зиёд аз 1200 доллари амрикоӣ, ё ин ки ҳамарзиши онро дар рубли русӣ ташкил медиҳад.

Чи тавр интиқолҳои нақдро дар бонкҳои Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон қабул бояд намуд?

Маблағи интиқолшударо метавонед аз шӯъбаҳои бонкҳои шарики SalamPay гиред. Барои ин ба интиқолгиранда шиноснома, донистани миқдори маблағи интиқолшуда ва рақами интиқол лозим аст. Интиқолро танҳо шахсе метавонад қабул кунад, ки маълумоти шиносномааш ҳангоми интиқол ворид шудааст.

Лимитҳо барои интиқолҳо ба кортҳои УЗКАРТ, ХУМО, КОРТИ МИЛЛӢ, ЭЛКАРТ

  • Маблағи минималии як интиқол ба кортҳои УЗКАРТ, ХУМО, КОРТИ МИЛЛӢ, ЭЛКАРТ - 700 рубли русӣ
  • Маблағи максималии як интиқол ба кортҳои УЗКАРТ, ХУМО, КОРТИ МИЛЛӢ, ЭЛКАРТ - 50 000 рубли русӣ.
  • Маблағи максималии интиқол дар як шабонарӯз - 100 000 рубли русӣ.
  • Маблағи максималии интиқол дар як моҳ - 100 000 рубли русӣ.

Чӣ тавр маблағро ба кортҳои УЗКАРТ, ХУМО, КОРТИ МИЛЛӢ, ЭЛКАРТ бояд қабул кард?

Интиқолҳо тариқи барномаи мобилии SalamPay бевосита ба кортҳои УЗКАРТ, ХУМО, КОРТИ МИЛЛӢ, ЭЛКАРТ амалӣ мегарданд. Ба бонк рафтан ва дар навбат истодан лозим нест.

Чӣ гуна ҳолати интиқолро фаҳмидан мумкин аст?

Ҳолати интиқолро шумо метавонед дар саҳифаи асосӣ дар қисмати "Таърихи интиқолҳо" пайгирӣ кунед.

Чӣ гуна интиқолро такроран равон кардан мумкин аст?

Дар барномаи SalamPay шумо метавонед маблағеро, ки пештар интиқол карда будед, такроран фиристед. Барои ин лозим аст:
- дар саҳифаи асосии барномаи SalamPay дар қисмати "Таърихи интиқолҳо", интиқоли лозимиро интихоб кунед;
- тугмаи "Такрор кардан"-ро пахш кунед;
- маълумоти умумиро пеш аз интиқол кардан тафтиш кунед;
- тугмаи "Гузариш ба пардохт"-ро пахш кунед;
- маълумоти корти бонкиеро ворид намоед, ки аз ҳисоби он маблағи интиқол гирифта мешавад;
- аз ҳисоби корт баровардани маблағро тасдиқ кунед (ба воситаи рамзе, ки тариқи SMS-хабар аз ҷониби бонк ба шумо фиристода мешавад);
Дар ин ҳолат маблағ боз ба ҳамон кишвар ва ҳамон шахс равон карда мешавад (ҳангоми интиқол шумо метавонед миқдори маблағро иваз кунед).

Кӣ метавонад ба воситаи барномаи мобилии SalamPay маблағ интиқол намояд?

Ҳар шахсе, ки шаҳрвандии Русия, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон мебошад, метавонад ба воситаи барномаи мобилии SalamPay маблағ интиқол кунад, ба шарте, ки дорандаи корти бонкии дар ҳудуди Русия бароварда шуда ва рақами телефони оператори мобилии, Русия мебошад.

Оё ман метавонам ба воситаи ҳар гуна корт ба ватан маблағ интиқол намоям?

Барои фиристодани маблағ корте лозим аст, ки системаи пардохти байналмилалии Master Card, Visa, Maestro ё ин ки системаи пардохти русии "Мир" дошта бошад. Корт бояд дорои технологияи 3D-Secure бошад. Корт инчунин бояд аз тарафи бонкҳои дар ҳудуди Русия буда бароварда шуда бошад. Бо риоя аз ҳамаи шартҳои қайдкардашуда, шумо метавонед бо истифода аз корти худ ба тариқи барномаи мобилии SalamPay ба ватан маблағ интиқол намоед.

Мӯҳлати иҷрошавии интиқоли байналмилалӣ чи қадар аст?

Интиқол ба таври фаврӣ пас аз тасдиқ шудани ҳисоббарории маблағ аз корти бонкӣ амалӣ мешавад.

Дар кадом мӯҳлат интиқолҳои байналмиллалӣ ба кортҳои УЗКАРТ, ХУМО, КОРТИ МИЛЛӢ, ЭЛКАРТ амалӣ мегарданд?

Интиқолҳо фаввран фиристода мешаванд. Баъзан, гузаронидани маблағ метавонад то 60 дақиқаро ташкил диҳад.

Рақами интиқолро чӣ тавр хабар додан мумкин аст?

Барои такроран фиристодани рақами интиқол, ба шумо лозим аст:
- дар барномаи мобилии SalamPay, дар саҳифаи асосӣ дар қисмати "Таърихи интиқолҳо" интиқоли даркориро интихоб кунед;
- тугмаи "Хабар кардан" - ро пахш кунед;
- воситаи лозимиро барои равон кардан интихоб кунед;

Ҳангоми интиқоли маблағ ба ман SMS-хабар бо рамзи тасдиқкунӣ намеояд. Чӣ бояд кард?

Рамзи махсус (одноразовый пароль), ҳамчун воситаи тасдиқкунии амалҳои мизоҷон тариқи корти бонкӣ мебошад. Рамз аз тарафи бонк ба тариқи SMS-хабар ба рақами телефоне равон карда мешавад, ки ба корт пайваст шудааст. Агар ба шумо SMS-хабарҳо бо рамзи махсус наоянд, дастгоҳатонроро аз нав ба кор дароред (перезагрузить) ва боварӣ ҳосил кунед, ки рақаматон аз тарафи оператори алоқаи мобилиӣ баста нашудааст.
Агар боварӣ ҳосил кардед, ки дастгоҳи шумо дуруст кор кунад, ва мушкилӣ бо алоқа низ набошад, бори дигар интиқоли мазкурро такрор кунед (барои ин шумо бояд дар саҳифаи асосии барномаи мобилӣ дар қисмати "Таърихи интиқолҳо" интиқоли лозимиро интихоб карда, тугмаи "Такрор кардан"-ро пахш кунед. Агар SMS-хабар бо рамз наояд, мо ба шумо пешниҳод мекунем ба бонке, ки корти шуморо баровардааст муроҷиат кунед.