4 Октябр 2024

Эҳтиёт бошед, ҚАЛЛОБОН! Ҳангоми муроҷиат ба кор чӣ гуна аз қаллобӣ эмин мондан мумкин аст

Эҳтиёт бошед, ҚАЛЛОБОН! Ҳангоми муроҷиат ба кор чӣ гуна аз қаллобӣ эмин мондан мумкин аст

Маслиҳатҳои мо ба Шумо кӯмак мекунад, ки аз фиреби сардори нопок эмин бошед. Онҳоро хонед ва боварӣ ҳосил намоед, ки Шумо дуруст рафтор мекунед. Дар хотир доред, ки шароити беҳад хуби корӣ, ваъдаҳои калон ва меҳрубонии аз ҳад зиёди бегонагон боиси эҳтиёткорӣ мебошанд. Ҳамчунин диққат диҳед, ки оё ҳуқуқҳои Шумо ҳамчун корманд риоя карда мешаванд

1.🔎 Дар манбаъҳои боваринок кор ҷустуҷӯ намоед. Аксар вақт қаллобон дар Маркази ягонаи муҳоҷират, УФМС ва масҷидҳо бо пешниҳоди кор муроҷиат мекунанд. Онҳо инчунин метавонанд дар кӯча наздатон оянд. Онҳо ба ивази пули хуб, шароити олӣ ва кӯмак дар бақайдгирӣ ва дарёфти манзили зист кор пешниҳод мекунанд, аммо дар асл ҳамаи ин фиребу найранг мебошад – ҷабрдида бепул кор мекунад ва ё қарздор мешавад. Аз сайтҳои маъмули ҷустуҷӯи кор, аз қабили hh.ru истифода баред. Бо ин роҳ Шумо бехатарии худро афзун хоҳед кард.

2.💰 Чӣ қадаре ки онҳо пешниҳоди зиёд кунанд, ҳамон қадар хавф зиёд мешавад. Баъзан ташкилот ва ё шахсе пешниҳод мекунад, ки пули роҳро то ҷои кор, хобгоҳ ва хӯрокаатонро пардохт мекунад, ба шарте, ки баъд пулро аз маоши ояндаатон медиҳед ё хароҷотро бо мехнат бармегардонед. Розӣ нашавед! Ин фиреб ва сабаби қарздории Шумо мегардад. Дар оянда оиди қарз ёдовар шуда,мумкин ба Шумо таҳдид кунанд, тарсонанд ва ҳатто бар зидди шумо зӯроварӣ кунанд.

3. 💸 Ҳеҷ чиз пардохт накунед. Агар ба шумо гуянд, ки барои ба кор даромадан пул додан лозим аст, пул надихед ва ба чунин кор қабул нашавед. Эҳтимол, қаллобон пас аз гирифтани пул фавран аз байн мераванд. Дар хотир доред, ки дар кор, пеш аз ҳама, Шумо бояд музд гиред!

4.☝️Ба рӯйхатҳои сиёҳ нигаред. Ҳамин ки Шуморо ба мусоҳиба даъват карданд, ба системаи ҷустуҷӯӣ "Рӯйхати сиёҳи корфармоён" -ро ворид кунед, пас аз интихоб вебсайтро кушоед ва номи ташкилоти даъваткунандаро ворид кунед. Омӯзед, ки кормандони собиқ ё ҳозир чӣ менависанд. Агар яке аз онхо сахт фирефта шуда бошад, ба кор наравед. Шумо метавонед маълумотро дар бораи корфармоён дар 👉 ИН ҶО пайдо кунед, шумо метавонед шарҳҳои кормандони собиқро дар 👉 ИН ҶО хонед ё худ онҳоро дар интернет пайдо кунед.

5. 📑 Шартнома имзо кунед. Агар шумо дар бораи шароити кор ва маош бо корфармоятон ба таври даҳонӣ мувофиқа карда бошед, бе имзои шартнома ба кор оғоз накунед. Шартнома - асос барои ҳалли минбаъдаи низоъҳо ё муроҷиат ба суд дар сурати поймол шудани ҳуқуқҳои Шумо мебошад. Он бояд ӯҳдадорӣ, шартҳои ҳамкорӣ ва ҷузъиёти тарафҳоро дар бар гирад Он бояд дар ду нусха тартиб дода шавад: яке барои Шумо, дигаре барои корфармо. Боварӣ ҳосил кунед, ки дар ҳарду нусха имзоҳо (аз они шумо ва ташкилот) мавҷуданд - танҳо дар он сурат шартнома эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунад. Бе имзо, исбот кардан душвор хоҳад буд, ки Шумо ба кор иртибот доред ва ба шумо пул ё дар баъзе мавридҳо ҷуброн бояд пардохт шавад.

6. 🪪 Шиносномаатонро ба касе надиҳед. Шиноснома шахсияти Шуморо тасдиқ мекунад ва бояд ҳамеша бо шумо бошад. Бе шиноснома шояд бо пулис мушкилие пеш ояд ва Шумо наметавонед зуд ба Ватан баргардед . Ҳеҷ гоҳ ҳуҷҷатҳои аслиро ба корфармоятон нагузоред. Ягона истисно - дафтарчаи корӣ мебошад, агар он коғазӣ бошад. Дар ин ҳолат, он пур карда мешавад, то аз кор озод шуданатон дар ташкилот нигоҳ дошта мешавад. Агар аз шумо талаб карда шавад, ки ҳуҷҷатҳои дигарро пешниҳод кунед, нусхаҳои онҳо ё нусхаҳои электронии онҳоро пешниҳод кунед.

7.👨‍💻 Бо ҳамкорони наватон сӯҳбат кунед. Вақте ки Шумо дар ҷои нав ба кор оғоз мекунед, аз дигар кормандон пурсед, ки оё аз ҷониби роҳбарият ягон фиреб вуҷуд дорад: надодан ё таъхир додани пардохт, пардохт накардани корҳои изофӣ, рад кардани рухсатӣ. Агар чунин ҳолат ҷой дорад, оиди ҷустуҷӯи кори нав фикр кунед. Эҳтимол аст, ки бо Шумо низ чунин рафтор мекунанд.

8.❗️Нопадид нашавед. Агар ҳамкасбонатон фирефта шуда бошанд ва хатари бепул мондани шумо низ вуҷуд дошта бошад, бе огоҳӣ аз кор наравед. Агар шумо ба смена ё офис ҳозир нашавед, роҳбарият метавонад хашмгин шавад ва пулатонро надиҳад, бо вуҷуде, ки ин ғайриқонунӣ аст. Рӯзи кории оянда ба кор биёед ва кӯшиш кунед, ки ба роҳбари худ оромона дар бораи пардохтҳо саволҳо диҳед ва вақти эҳтимолии аз кор рафтани худро муҳокима кунед. Ин ба шумо имконият медиҳад, ки пули худро эмин доред, барои қабули қарори дуруст дар бораи амалҳои оянда, вазъиятро беҳтар фаҳмед.



SalamPay ба шумо дар ҷустуҷӯи кор муваффақият таманно дорад!

Ҳисобкунаки интиқол

Маблағро фавран ба хона, бе пардохти пинҳонӣ ва бо қурби одилона фиристед.

Ӯзбекистон
Бо рақами корт UzCard/HUMO, ё ба бонк бо рақами телефон ба UzCard/HUMO
  • Ӯзбекистон
  • Озарбойҷон
  • Тоҷикистон
RUB
UZS

Қурби беҳтарин айни ҳол

Гузаронидан

Фавран

Комиссия

Бе комиссия

Роҳи осони хурсанд кардани наздикон

Ба ҳеҷ куҷо рафтан ва навбатро интизор шудан лозим нест - шумо метавонед интиқолҳоро дилхоҳ вақт фиристед.

Маълумоти бештар