Аз 1 сентябри соли 2026 корфармоён ҳангоми ба расмият даровардани кормандони хориҷӣ шаклҳои нави огоҳиномаро истифода мебаранд. Ин ҳуҷҷатҳо пас аз ба кор қабул шудан ё аз кор озод кардани шаҳрванди хориҷӣ ба ВКД фиристода мешаванд.
Чӣ тағир меёбад?
Дар шаклҳои нав, корфармоён бояд маълумоти бештарро пешниҳод кунанд. Масалан:
- мӯҳлати шартномаи меҳнатӣ ё нишон додани он, ки бемуҳлат аст;
- маълумоти иловагӣ дар бораи корманди хориҷӣ (дар ҳолатҳои алоҳида, масалан, рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН)-и мутахассиси баландихтисос);
- розигӣ барои коркарди маълумоти шахсӣ аз рӯи намунаҳои нави тавсияшуда.
Ое худи муҳоҷир бояд коре кунад?
Дар аксари ҳолатҳо, не. Корфармо ё фармоишгари кор ба ВКД огоҳинома пешниҳод мекунад. Ба шаҳрванди хориҷӣ лозим нест, ки ин шаклҳоро мустақилона пур кунад.
Пас чаро донистани ин муҳим аст?
Зеро маҳз дар асоси чунин огоҳиномаҳо ВКД маълумот мегирад, ки шумо расман кор мекунед.
Агар корфармо:
- огоҳиномаро пешниҳод накунад;
- ҳангоми пур кардан хато кунад;
- муҳлати пешниҳодро вайрон кунад.
Ин метавонад ҳангоми тасдиқи қонунияти шуғли шумо ба мушкилот оварда расонад.
Пас аз имзои шартномаи меҳнатӣ, аз корфармо пурсед, ки огоҳинома ба ВКД аллакай фиристода шудааст.

Инчунин нусхаи шартномаи меҳнатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои марбут ба корро дар худ нигоҳ доред. Ҳангоми пайдо шудани саволҳо ё санҷишҳо онҳо метавонанд лозим шаванд.






