Аксари муҳоҷирони меҳнатӣ забони русиро мефаҳманд, аммо дар суханрондан метарсанд. Тарси хато кардан ё гуфтани чизе нодуруст ба муошират халал мерасонад. Аммо дар хотир доштан муҳим аст: бе машқ, малакаҳои забонӣ инкишоф намеёбанд.
Қоидаи аввал - хатогиҳо ин кори муқаррарӣ мебошанд. Агар шумо аз тарс хомӯш монед, пешравӣ намешавад.
Бо ибораҳои оддӣ оғоз кунед. Ба ҷумлаҳои дароз ниёз нест. Кӯтоҳ ва равшан кофӣ аст:
- «Чӣ қадар арзиш дорад?» (Сколько стоит?);
- «Ба ман кӯмак лозим аст»(Мне нужна помощь);
- «Ман нафаҳмидам, такрор кунед»(Я не понял, повторите).
Гӯш кунед ва такрор кунед.
Ба тарзи суханронии ҳамкорон, фурӯшандагон ва ҳамсоягонатон диққат диҳед. Баъди онҳо такрор кунед — ин ба шумо кӯмак мекунад, ки калимаҳо ва ибораҳоро зудтар дар хотир нигоҳ доред.
Ҳар рӯз сухан ронед.
Ҳатто 10-15 дақиқа машқ натиҷа медиҳад. Ҳар қадар шумо забонро бештар истифода баред, ҳамон қадар камтар тарс эҳсос мекунед.
Аз такроран пурсидан натарсед.
Агар нафаҳмидед, метавонед бигӯед: "Лутфан, такрор кунед" ё "Ман забони русиро наонқадар хуб медонам." Аксари одамон ба ин оромона назар мекунанд.
Агар бо забони русӣ мушкилӣ дошта бошед, шумо метавонед дар барномаи мобилӣ курси онлайни моро гузаред. SalamPay-ро зеркашӣ кунед ва дар вақти ба худ муносиб омӯзишро оғоз кунед.

Муҳимтар аз ҳама машқ кардан аст. Бе машқ омӯхтани забон намешавад.
Хабарҳои охиринро дар бораи қонунгузории муҳоҷират дар телеграм-канали. мо хонед






