20 Ноябр 2025

Чӣ гуна бояд аз дафтарчаи меҳнатии электронӣ иқтибос гиред?

Чӣ гуна бояд аз дафтарчаи меҳнатии электронӣ иқтибос гиред?

Дафтрарчаи меҳнатии электронӣ (ДМЭ) - аналогии рақамии дафтрарчаи меҳнатии коғазӣ мебошад, ки ҳама маълумотро дар бораи фаъолияти касбиро дар бар мегирад ва дар базаҳли маълумотии бехатари Фонди иҷтимои Русия (СФР) нигоҳ дошта мешавад. Барои муҳоҷироне, ки дар Русия таври расмӣ кор мекунанд, ин ҳуҷҷат аҳамияти хоса дорад - он таҷрибаи қонуниро тасдиқ мекунад ва дар ҳолатҳои гуногун мумкин аст лозим шавад.


Барои чӣ ДМЭ метавонад лозим шавад:

Иқтибос аз дафтарчаи меҳнатии электронӣ - ин ҳуҷҷати расмӣ аст, ки ба шумо дар ҳолатҳои зерин лозим аст:


- ҳангоми  ба кори нав ворид шудан барои тасдиқи таҷрибаи корӣ

- барои гирифтани раводид дар марказҳои раводид ва консулгарӣ

- ҳангоми гирифтани қарз ё ипотека аз бонк

- барои гирифтани имтиёзҳо ва лготаҳо аз мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ

- ҳангоми дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимӣ                                    

 - дар мурофиаи судӣ бароитасдиқи ҷои кор ва таҷрибаи корӣ



Кадом намудҳои иқтибос вуҷуд доранд ва дар куҷо гирифтан мумкин аст


Ду намуди асосии иқтибос аз дафтарчаи меҳнатӣ мавҷуданд, ки онҳоро бо роҳҳои гуногун гирифтан мумкин аст:




1. Дар Госуслуги ё сомонаи ФИР


Чи ба даст меоред: ҳуҷҷати СТД-СФР — иқтибои пурра бо маълумот аз ҳамаи ҷойҳои корӣ

Чӣ тавр бояд ба даст овард:


– Тариқи аккаунти тасдиқшуда вориди Госуслуги  шавед

– Дар қисмати "Услуги" "Выписка из электронной трудовой книжки"-ро дарёфт кунед

–"Получить выписку"-ро пахш кунед — ҳуҷҷат ба таври автоматӣ тайёр мешавад

– Иқтибос дар форматҳои PDF и XML давоми якчанд дақиқа дастрас



Бартарият: усули аз ҳама тезтарин, иқтибос қувваи юридиқии аслӣ дошта, давоми шабонарӯз дастрас аст  


2. Аз корфармо

Чӣ ба даст меоред: ҳуҷҷати СТД-Р — танҳо оиди ҷои кории ҷорӣ маълумот дорад.



Чӣ тавр бояд ба даст овард:


– Ба шӯъбаи кадрҳо ба баври озод ариза пешкаш намоед.

– Корфармо ӯҳдадор аст давоми 3 рӯзи корӣ ҳуҷҷат пешкаш кунад

– Ҳангоми аз кор хориҷҳавӣ рӯзи қатъ намудани фаъолияти корӣ медиҳанд


Муҳим: ҳуҷҷати СТД-Р-ро танҳо ба онҳое медиҳанд, ки дафтарчаи кории қоғазӣ надоранд (ба ДМЭ гузаштаанд ва ё бори аввал пас аз 1 январи соли 2021 ба кор қабул шудаанд)


3. Дар шӯъбаҳои СФР ё МФЦ

Чи ба даст меоред: ҳуҷҷати СТД-

13.10.png

Чӣ тавр бояд ба даст овард:


– Бо шиноснома ба шӯъбаи СФР ё МФЦ меравед

– Дар СФР иқтибосро рӯзи муроҷиат медиҳанд

– Дар МФЦ мӯҳлати тайёршавӣ то 3 рӯзи корӣ


Ба муҳоҷирон оиди дафтарчаи меҳнатии корӣ донистани чӣ муҳим аст:


– Ҳамаи шахсоне, ки ба таври расмӣ кор мекунанд, ДМЭ доранд. Корфармо ӯҳдадор аст, ки дар бораи ҳамаи кормандон ба СФР иаълумот диҳад

–  Агар шумо пеш аз соли 2021 кор карда бошед, мумкин аст дафтарчаи меҳнатии қоғазӣ ва электронӣ дошта бошед Агар шумо ба ДМЭ нагузашта бошед, шумо ду намуди ҳуҷҷат доред

– Агар шумо бори аввал пас аз 1 январи 2021 ба кор йабул шуда бошед, шумо танҳо дафтарчаи меҳнатии электронӣ доред

– Иқтибосро аз ДМЭ бе пул бо роҳи дилхоҳи дар боло зикршуда ба даст овардан мумкин аст


Ҳангоми дарёфт кардани хатогӣ дар ДМЭ чӣ бояд кард


Агар дар дафтарчаи меҳнатии шумо маълумоти носаҳеҳ ё инки қисми маълумот вуҷуд надошта бошад;


– Ба корфармо барои ислоҳи маълумот муроҷиат кунед

– Корфармо ӯҳдадор аст маълумотро ислоҳ карда, ба СФР маълумоти аниқро фиристонад


Агар хатогӣ оиди маълумоти давраи то 2020 бошад, ҳуҷҷатро бо дархост дар СФР ё МФЦ ислоҳ кардан мумкин аст

Мо дар SalamPay дарк мекунем,барои муҳоҷирон доштани имконияти роҳҳои осон ва бовариноки тасдиқи қонунӣ будани фаъолияти меҳнатиашон то чӣ андоза муҳим аст. Умедворем ин маълумот ба шумо бароба даст овардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар ҳолатҳои гуногун кӯмак мерасонад.


Ҳатман ин мақоларо ба рафиқону пайванлонатон фиристонед! Эҳтимол ин ба онҳо кӯмак кунад!

Ҳисобкунаки интиқол

Маблағро фавран ба хона, бе пардохти пинҳонӣ ва бо қурби одилона фиристед.

Ӯзбекистон
Бо рақами корт UzCard/HUMO, ё ба бонк бо рақами телефон ба UzCard/HUMO
  • Ӯзбекистон
  • Озарбойҷон
  • Тоҷикистон
RUB
UZS

Қурби беҳтарин айни ҳол

Гузаронидан

Фавран

Комиссия

Бе комиссия

Роҳи осони хурсанд кардани наздикон

Ба ҳеҷ куҷо рафтан ва навбатро интизор шудан лозим нест - шумо метавонед интиқолҳоро дилхоҳ вақт фиристед.

Маълумоти бештар