Ниҳоят, шумо патентро қабул кардед - ҳуҷҷате, ки дарро ба кори ҳуқуқӣ дар Русия мекушояд.. Ва акнун шумо метавонед ба кор шурӯъ карда барои оилаатон ояндаи хубро таъмин кунед.
Имрӯз мо дар бораи қадами муҳим пас аз гирифтани патент - пешниҳоди хабарнома оиди оғози кор сухан хоҳем ронд. Ин барои он лозим аст, ки патенти шумо бекор нашавад
Хабарнома оиди фаъолияти корӣ: барои чӣ ин хело муҳим аст?
Агар шумо барои кор дар Русия патент гирифтед, пас давоми 2 моҳ аз рӯзи ба даст овардани он бояд оиди фаъолияти корӣ хабарнома ирсол намоед. Ин расмият не, талаботи зарурӣ мебошад. Агар шумо инро сари вақт накунед, мумкин аст патентатон бекор шуда, шумо ҳуқуқи қонунӣ кор карданро аз даст диҳед ва аз кишвар хориҷ карда шавед. Мо намехоҳем, ки бо шумо ин ҳолат рӯй диҳад!
Роҳҳои ирсоли хабарнома:
Якчанд роҳи қулайи ирсол кардани ин хабарнома мавҷуд аст:
· Дар Госуслуги: Ин яке аз роҳҳои зудтарин ва замонавӣ мебошад, ки ба шумо имконият медиҳад ҳама амалҳоро онлайн иҷро намоед.
· Дар шӯъбаи ВКД: Шумо метавонед шахсан ба шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат кунед.
· Ба воситаи “Почта России”: Агар ба шумо қулай бошад, метавонед тариқи мактуби фармоишӣ хабарнома ирсол намоед.
Чӣ тавр дар Госуслуги хабарнома бояд ирсол кард?
Фиристодани хабарнома тариқи Госуслуги – ин қулай аст ва вақти шуморо сарфа менамояд. Мана, дастури мухтасар:
· Ба хизматрасонӣ гузаред: Госуслугиро кушоед ва чунин хизматрасониро дарёфт кунед. Барои ин ба шумо аккауни тасдиқшудаи муҳоҷир лозим аст. Агар шумо онро надоред, ҳатман ба қайд гиред – ин барои бисёр хизматрасониҳои давлатӣ хело фоидаовар аст.
· Маълумоти худро санҷед: Система ба таври автоматӣ баъзе маълумоти шуморо зеркашӣ мекунад. Бодиққат санҷед, то хатогӣ набошад.
Маълумоти заруриро ворид кунед. Ба шумо лозим аст маълумотро аз ҳуҷҷатҳои зерин ворид кунед:
· Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (масалан шиноснома).
· Патенти шумо.
· Маълумоти корфармое, ки шумо ба нақша гирифтаед дар онҷо кор кунед,.
· Маълумот оиди шатрномаи меҳнат ё шартномаи шаҳрвандӣ-ҳуқуқие, ки шумо бастаед.
· Маълумоти полиси СИТ(суғуртаи ихтиёрии тиббӣ) ё полиси СҲТ(суғуртаи ҳатмии тиббӣ), ё шарнома оиди расонидани хизматрасонии тиббии музднок. Мавҷуд будани полиси тиббӣ – ин муҳофизи шумо ва кафолати гирифтани ёрии тиббӣ мебошад.
· Шартномаро зеркашӣ кунед: Агар шартномаи меҳнатӣ ё шартномаи шаҳрвандӣ-ҳуқуқии шумо ба таври хаттӣ баста шуда бошад, ба шумо лозим аст акс ё скани онро зеркашӣ кунед.
· Шӯъбаи ВКД-ро интихоб кунед ва фиристонед: Он шӯъбаи ВКД-ро интихоб кунед, ки шумо дар он патентро гирифтаед, ва тугмаи «Отправить уведомление»-ро пахш кунед.
Баъд чи мешавад?
ВКД хабарномаи шуморо давоми 1 рӯзи корӣ дида баромада, оиди натиҷааш ба аккаунти шахсии шумо дар Госуслуги мактуб мефиристонад.

Чи бояд кард, агар рад карда шавад?
Ба таҳлука наафтед! Агар рад карда шавад, сабаби он ҳатман нишон дода мешавад. Бодиққат онро хонед, ҳамаи камбудиҳоро бартараф карда аз сари равон кунед. Асос – вақтро аз даст надиҳед!
Мо медонем, ки шумо шумо барои таъмини худ ва оилаатон аз таҳти дил меҳнат мекунед. Ва вақте мехоҳед ба хона баргардед, дар хотир дошта бошед, ки дар SalamPay ҷиптаҳои ҳавопаймо бо нархҳои муфид мавҷуданд. Мо дар инҷо, то ба шумо кӯмак расонем!
Мақоларо ба оили ва дӯстонатон фиристед, шояд ин ба онҳо кӯмак расонад!





