Барномаи «Амина» барои содда кардани бақайдгирии муҳоҷират дар Москва ва вилояти Москва таҳия шудааст. Он хабарномаи воридшавии коғазиро иваз мекунад ва барои санҷиши қонунии будубоши шумо кӯмак мекунад.
Мақсади асосии хизматрасонӣ — сабти ном дар ҳисоби муҳоҷират ва тасдиқи истиқомат дар суроғаи муайяншуда мебошад.
Тариқи барнома мумкин аст:
1. Бақайдгирии муҳоҷирати худро тавассути барнома ба таври рақамӣ пур кунед ва тасдиқ кунед. (Лозим нест, ки варақаҳо пур кунед ё қисми огоҳиномаро бо худ дошта бошед. Танҳо профили худро дар барнома нишон диҳед.)
2. Тасдиқи қонунӣ будани будубош. Агар кормандони полис ҳуҷҷат талаб кунанд, маълуомтро аз «Амина» нишон додан мумкин аст. Ин хатари ҷарима тибқи моддаи 18.8 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои надоштани огоҳиномаро кам мекунад.
3. Нишон додан ва таъғир додани уроғаи истиқоматии худ. Агар шумо кӯчидед ё хонаро иваз карда бошед, метавонед суроғаи худро худатон дар система (дар доираи минтақаи фарогирии хизматрасонӣ) иваз кунед.
4. Мӯҳлати бақайдгириро бубинед. Барнома кай ба охир расидани бақайдгириро нишон медиҳад, то шумо мӯҳлатро аз даст надиҳед.
5. Огоҳиномаҳоро гиред. Агар макони ҷуғрофии шумо беш аз се рӯз интиқол дода нашавад ё мушкилоти дигаре бо тасдиқи ҷои зисти шумо вуҷуд дошта бошад, ин хизматрасонӣ ба шумо хотиррасон мекунад.

Барои бақайдгирӣ лозим аст:
- QR-рамзи корти шаҳрванди хориҷӣ (ё маълумоти шиноснома),
- рақами телефон бо тасдиқи он,
- акси рӯй,
- суроғаи аниқи зист,
- дастрасӣ ба ҷойгиршавии ҷуғрофӣ.
Ин барнома аз ҷониби ниҳоди давлатӣ таҳия шудааст, ройгон аст ва ҳифзи маълумотро таъмин мекунад.
Истифодаи барнома вақтро сарфа мекунад ва аз ҷаримаҳо аз сабаби набудани тасдиқи бақайдгирӣ пешгирӣ мекунад.






