21 Май 2025

адамоти финтехи SalamPay барои интиқоли маблағ ИИ Smart Engines-ро барои бақайдгирии мизоҷони нав ворид намудааст

адамоти финтехи SalamPay барои интиқоли маблағ  ИИ Smart Engines-ро барои бақайдгирии мизоҷони нав ворид намудааст

Хизматрасонии  SalamPay технологияи ИИ-ро барои шинохтани шиносномаи шаҳрвандони Русия ва дигар кишварҳои ИДМ ҷорӣ кард. Ҳалли Smart ID Engine таҳиягари Русия Smart Engines имкон дод раванди бақайдгирии истифодабарандагони навро суръат бахшад ва содда гардонад. Функсияи нав дар асоси нейросетҳои хурди 4,6 бит кор мекунад ва дар барномаи мобилии SalamPay барои  iOS ва Android дастрас мебошад. Оиди ин ба CNews намояндагони Smart Engines хабар доданд.


SalamPay – хизматрасонии пардохтӣ, ки имконияти интиқоли пулро ба кишварҳои ИДМ бо қурби муфид ва бе фоиз фароҳам меорад, инчунин хизматҳои иловаги пешкаш менамояд: хариди чиптҳои ҳавопаймо ва дастрасӣ ба контенти мусиқӣ. Айни ҳол аз хизматрасонӣ 1,5 млн фаъолона истифода мебаранд.


«Ҳангоми интихоби системаи шинохтани ҳуҷҷатҳо, мо ба ду омили муҳим таваҷҷӯҳ зоҳир кардем. Аввалан, ИИ бояд дар сатҳи баланд на танҳо шиносномаи ФР, балки ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони кишварҳои ИДМ-ро низ шиносад. Ва баъдан бояд on-premise   кор кунад, яъне дар телефонҳои мобилии буҷавӣ низ. Молҳои Smart Engines ба ин талаботҳо ҷавобгӯ мебошанд ва имконият медиҳанд дар барнома аз ҳисоби рад кардани вориди дастии маълумот дар смартфонҳо, таҷрибаи беҳтарини хизматрасониро ба мизоҷон ба роҳ монад, - гуфт директори генералии SalamPay Тимур Манташев.


Ҳалли барномави дар асоси ИИ Smart ID Engine ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони Русия, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Озарбойҷонро давоми кам аз як  сония мешиносад. Пас аз ин маълумоти ҳуҷҷатҳо ба таври автоматӣ ба шакли бақайдгирии дар барномаи SalamPay ҷоришуда  гузаронида мешавад ва ба истифодабаранда хизматрасониҳо дастрас мегарданд.


Суръати шинохтан аз ҳисоби коркарди муаллифӣ – нейросетҳои 4,6 битаи сабук, ки 40% аз нейросетҳои классикии 8 бита зудтар кор мекунанд, таъмин карда мешавад. Сифати шинохташавӣ аз ҳисоби архитектураи нави нейросетӣ «Да Винчи» таъмин карда мешавад. Он қобилияти пайдо ва шинохтани ҳуҷҷат новобаста аз он, ки чи тавр ҷойгир шудааст, дорад: каҷ, чаппа ва ҳатто ба тарзи оинавӣ, инчунин муайян кардани геометрияи аниқи он.


Ҳама ҳисобот дар дастгоҳи муштарӣ гузаронида шуда, тасвирҳо ба шахсони сеюм ё хидматрасониҳои ғайр интиқол дода намешаванд. Ҳал ба шакли SDK бо API барои смартфонҳо, десктопҳо ва серверҳо пешниҳод мешавад ва ба осонӣ ба ҳар гуна инфраструктураи IT ворид карда мешавад


Манбаъ: https://www.cnews.ru/news/line/2025-05-21_fintehservis_dlya_denezhnyh

Ҳисобкунаки интиқол

Маблағро фавран ба хона, бе пардохти пинҳонӣ ва бо қурби одилона фиристед.

Ӯзбекистон
Бо рақами корт UzCard/HUMO, ё ба бонк бо рақами телефон ба UzCard/HUMO
  • Ӯзбекистон
  • Озарбойҷон
  • Тоҷикистон
RUB
UZS

Қурби беҳтарин айни ҳол

Гузаронидан

Фавран

Комиссия

Бе комиссия

Роҳи осони хурсанд кардани наздикон

Ба ҳеҷ куҷо рафтан ва навбатро интизор шудан лозим нест - шумо метавонед интиқолҳоро дилхоҳ вақт фиристед.

Маълумоти бештар