Тавассути барномаи SalamPay шумо метавонед бо роҳҳои гуногун ба Ӯзбекистон пул фиристед:
- Гирифтани пули нақд тавассути ASIAEXPRESS;
- бо рақами корт (UZCARD/HUMO);
- бо рақами телефон (UZCARD/HUMO);
Дар ин мақола мо роҳи маъмултаринро - интиқолро бо рақами корт UZCARD/HUMO баррасӣ хоҳем кард.
Қадам ба қадам, чӣ тавр кардан мумкин аст:
1. Дар саҳифаи асосии барнома, "Интиқол"-ро пахш кунед.
2. Кишвари интиқол - Ӯзбекистонро интихоб кунед.
3. Роҳи интиқол бо рақами корт (UZCARD/HUMO)-ро интихоб кунед.
4. Асъорро интихоб кунед ва маблағи интиқолро ворид кунед.
5. Қурби асъор ва маблағи гирифташударо бубинед, сипас "Идома"-ро пахш кунед.
Агар шумо ба қайд гирифта нашуда бошед:
1. Ворид шавед. Шартҳо ва қоидаҳоро (пешниҳод ва созишнома) хонед ва дуруст буданашро тасдиқ кунед.
2. Рақами телефонро ворид кунед ва онро бо рамзи SMS тасдиқ кунед.
3. Роҳи бақайдгириро интихоб кунед. Метавонед тавассути Сбер ID ё дастӣ.
4. Маълумоти пур кунед (агар дастӣ бошад):
- шаҳрвандӣ;
- Ному Насаб;
- сана ва ҷои таваллуд;
- маълумоти шиноснома;
- шиноснома аз тарафи кӣ ва кай дода шудааст;
- суроғаи бақайдгирӣ;
5. Маълумотро аз назар гузаронед ва тасдиқ кунед - бақайдгирӣ ба анҷом расид.
Бақайдгирии интиқол:
1. Корти қабулкунандаро муайян кунед. Рақами корти UZCARD ё HUMO-ро ворид кунед. Ва дурустии маълумоти воридшударо тасдиқ кунед.
2. Ному Насаб ва рақами телефони қабулкунандаро ворид кунед.
3. Маълумотро тафтиш кунед. Боварӣ ҳосил кунед, ки ҳама чиз дуруст ворид шудааст ва "Пардохт"-ро пахш кунед.
4. Кортро барои пардохт интихоб кунед.
Агар корт пайваст нашуда бошад, онро илова кунед. Равзанае пайдо мешавад, ки аз шумо хоҳиш мекунад, ки маълумотро (рақами корт, мӯҳлати анҷом, CVC) ворид кунед.
5. Пардохтро тасдиқ кунед ва интиқолро анҷом диҳед.
Пас аз амалиёти бомуваффақият, чек пайдо мешавад. Шумо метавонед фавран ба қабулкунанда дар бораи интиқол хабар диҳед.

Интиқол дар саҳифаи асосӣ нигоҳ дошта мешавад — шумо метавонед онро дафъаи оянда бо як пахш такрор кунед.






