Ҳабиб Нурмагомедов намояндаи расмии ширкати SalamPay шуд

Ширкати SalamPay ва варзишгари машҳури рус Ҳабиб Нурмагомедов оиди оғози ҳамкорӣ эълон карданд.

Ҳабиб Нурмагомедов ифтихори халқи рус мебошад. Мартаба ва комёбиҳои ӯ барои ҷавонони тамоми дунё намунаи арзандаанд. Тарзи ҳаёт ва пояи маънавии ӯ бо арзишҳои ширкати SalamPay хело наздиканд.

Ширкати SalamPay барои онҳое таъсис дода шудааст, ки ба наздиконашон ғамхорӣ изҳор менамоянд ва арзишҳои оилавиро ҳамчун яке аз муҳимтарин арзишҳо дар ҳаёт меҳисобанд. Мизоҷони мо - одамони дорои арзишҳои баланди маънавиянд, ки мекӯшанд ба оилаҳои худ ёрии дуруст расонанд.

Ас-салому алейкум, бародарони азиз!

Ман хушҳол ҳастам хабар диҳам, ки ман намояндаи расмии SalamPay шудам - хизматрасонии дуруст ва содиқона барои интиқоли маблағҳо ба Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон, ки бо ғамхорӣ аз бародарони мо таъсис дода шудааст.

Ба воситаи барномаи мобилии SalamPay - БЕ ФОИЗ ба ватан маблағ интиқол диҳед.
Ба наздикони худ ҳалол, қулай ва муфид ёрӣ расонед.

SalamPay - ин барномаи мобилии озод аз фоиз ва ҷамъоварии он, махсус барои онҳое бароварда шудааст, ки аз наздикон ва хешовандонашон ҳангоми аз хона дур будан ғамхорӣ менамоянд.

Барнома ҷавобгӯи талаботҳои ташкилоти муҳосибави ва аудити муассисаҳои молиявии исломӣ - AAOIFI мебошад, инчунин дорои сертификати Маркази Байналхалқии стандартизатсия ва сертификатсияи “Ҳалол” (МЦСиС «Халяль») дар назди Шӯрои Муфтиёти Русия аст.

Истифодабарандагони SalamPay метавонанд бевосита аз телефони худ интиқол ирсол намоянд, бе сарф намудани вақт дар навбат дар бонкҳо ва толорҳои алоқа.

Интерфейси SalamPay ниҳоят қулай ва фаҳмо мебошад, бинобар ин барои истифодаи бурданӣ барнома доштани дониши камтарин кифоя аст.

Интиқолҳо ба воситаи SalamPay бо курби содиқонаи асъор ва бе фоиз амалӣ мегардад, бинобар ин интиқолгиранда назар ба пештара маблағи зиёдтарро мегирад.

Барои мизоҷони худ SalamPay роҳҳои муосирро барои таъмини бехатарӣ ва оперативии интиқолҳо пешниҳод менамояд, ба туфайли ин интиқолҳо фавран амалӣ мегарданд, пул бошад аз тавозуни интиқолдиҳанда танҳо баъд аз тарафи интиқолгиранда қабул кардан бароварда мешавад. Мизоҷони SalamPay ҳангоми фиристодани интиқол хавфе надоранд, азбаски интиқолро ҳар лаҳза метавонанд бо пахш кардани тугмаи “Баргардондан” бекор кунанд, ва пул баргардонида мешавад.

Дастгири бо забони модарӣ

Барои кӯмак ба истифодабарандагон хадамоти махсуси дастгирӣ ташкил дода шудааст, ки шабонарӯз бо панҷ забон кор мекунад: русӣ, ӯзбекӣ, тоҷикӣ, қирғизӣ ва озарбойҷонӣ.

Барномаи мобилӣ

Барномаи SalamPay барои истифодабарандагони IOS ва Android дастрас мебошад.

SalamPay -Наздик. Қулай. Содиқ.