Чӣ тавр дар системаи SalamPay бақайдгирӣ мумкин аст?

Барои бақайдгирӣ дар системаи SalamPay, лозим аст:

  • барномаи мобилии SalamPay-ро аз тариқи Play Market ва ё AppStore ҷорӣ кунед, инчунин шумо метавонед барномаи мобилиро дар сомонаи www.salampay.com пайдо намуда, онро ҷорӣ намоед.
  • дар дастгоҳи худ барномаи мобилии SalamPay-ро ба кор дароред;
  • забони барномаро интихоб намоед;
  • ба SalamPay барои фиристодани огоҳиҳо иҷозат диҳед;
  • ба қисмати "Профил" ворид шавед;
  • рақами телефони мобилиатонро ворид намуда, тугмаи "Ворид шудан"-ро пахш кунед;
  • рамзи ба тариқи SMS қабул кардаро ворид карда, тугмаи "Тасдиқ кардан"- ро пахш кунед;
  • дар қисми Маълумоти Шахсӣ гузаред ва маълумоти шахсиатонро пур кунед;
  • дурустии маълумоти шахсиатонро тасдиқ кунед ва тугмаи сабтро зер намоед.

Мумкин манфиатдор бошад

    Саволҳои иловагӣ доред?

    Ба мо, ба хадамоти дастгирӣ муроҷиат намоед - тугмаи "Чат" дар барномаи мобилӣ. Мо ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, тоҷикӣ, қирғизӣ ва озарбойҷонӣ сӯҳбат мекунем.

    Барномаро зеркашӣ кардан