Фиристодани интиқол ба Тоҷикистон ба кортҳои системаи пардохтии миллии Корти Миллӣ ва ё ба бонк, бо рақами телефон ба корт ё суратҳисоб мумкин аст. Маблағи интиқол бо рубл бароварда шуда, ба корти интиқолгиранда бо асъори миллӣ гузаронида мешавад.
Ба Тоҷикистон бо ду роҳ интиқол фиристодан мумкин аст:
1 РОҲ – Бо рақами корти Корти Миллӣ, барои ин ба шумо лозим аст:
- тугмаи "Интиқол"-ро дар менюи поёни барнома пахш кардан;
- кишвари " ТОҶИКИСТОН "-ро интихоб кардан;
- тугмаи "БО РАҚАМИ КОРТИ МИЛЛИ "-ро пахш кардан;
- маблағи интиқолро бо рубл ё асъори миллӣ ворид карда, тугмаи “ҲИСОБ КАРДАН”-ро пахш кардан;
- маблағи интиқолро бо асъори миллӣ барои ба корт гузаронидан тасдиқ кардан;
- ворид кардани рақами корти Корти Миллии интиқолгиранда барои гузаронидани маблағ ва тасдиқ кардани дуруст будани он;
- ворид кардани ному насаби интиқолгиранда ва тасдиқ кардани дуруст будани он;
- маълумоти интиқолдиҳанда ворид кардан ва тасдиқи дуруст будани он (танҳо ҳангоми бори аввал фиристодани интиқол);
- санҷидани маълумоти интиқол пеш аз фиристодани он;
- тугмаи “Гузаштан ба пардохт”-ро пахш кардан;
- ворид кардани маълумоти корти бонкие, ки дар ҳудуди Русия бароварда шудааст ва маблағи интиқол аз он бароварда мешавад;
- тугмаи пардохт карданро пахш намудан;
- тасдиқ кардани пардохт аз корт (тариқи вориди рамз аз SMS - хабарномаи аз бонк қабулшуда)
- ба интиқолгиранда хабар додани маълумот оиди интиқол.
2 РОҲ Бо рақами телефон, ба корт ё суратҳисоб барои ин ба шумо лозим аст:
- тугмаи "Интиқол"-ро дар менюи поёни барнома пахш кардан;
- кишвари "ТОҶИКИСТОН"-ро интихоб кардан;
- тугмаи "БО РАҚАМИ ТЕЛЕФОН БА КОРТ Ё СУРАТҲИСОБ"-ро пахш кардан;
- интихоб кардани бонке, ки ба корт ё суратҳисоби он интиқол фиристода мешавад;
- маблағи интиқолро бо рубл ё асъори миллӣ ворид карда, тугмаи “ҲИСОБ КАРДАН”-ро пахш кардан;
- маблағи интиқолро бо асъори миллӣ барои ба корт гузаронидан тасдиқ кардан;
- рақами телефони интиқолгирандаро, ки ба корт ё суратҳисоб дар бонки интихобшуда пайваста аст, ворид кардан;
- ворид кардани ному насаби интиқолгиранда ва тасдиқ кардани дуруст будани он;
- маълумоти интиқолдиҳанда ворид кардан ва тасдиқи дуруст будани он (танҳо ҳангоми бори аввал фиристодани интиқол);
- санҷидани маълумоти интиқол пеш аз фиристодани он;
- тугмаи пардохт карданро пахш кардан;
- ворид кардани маълумоти корти бонкие, ки дар ҳудуди Русия бароварда шудааст ва маблағи интиқол аз он бароварда мешавад;
- тугмаи пардохт карданро пахш намудан;
- тасдиқ кардани пардохт аз корт (тариқи вориди рамз аз SMS - хабарномаи аз бонк қабулшуда);
- ба интиқолгиранда хабар додани маълумот оиди интиқол.