Чӣ гуна интиқолро такроран равон кардан мумкин аст?

Дар барномаи SalamPay шумо метавонед зуд интиқолеро, ки пештар равон карда будед, фиристед. Барои ин лозим аст:

  • дар саҳифаи асосии барномаи SalamPay дар қисмати "Таърихи интиқолҳо", интиқоли лозимиро интихоб кунед;
  • тугмаи "Такрор кардан"-ро пахш кунед;
  • маълумоти интиқолро тафтиш кунед;
  • тугмаи "Гузариш ба пардохт"-ро пахш кунед;
  • барои пардохти интиқол маълумоти корти бонкиро ворид кунед;
  • аз ҳисоби корт баровардани маблағро тасдиқ кунед (ба воситаи рамзе, ки тариқи SMS-хабар аз ҷониби бонк ба шумо фиристода мешавад);

Дар ин ҳолат маблағ боз ба ҳамон кишвар ва ҳамон шахс равон карда мешавад (ҳангоми интиқол шумо метавонед миқдори маблағро иваз кунед).;

Мумкин манфиатдор бошад

    Саволҳои иловагӣ доред?

    Ба мо, ба хадамоти дастгирӣ муроҷиат намоед - тугмаи "Чат" дар барномаи мобилӣ. Мо ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, тоҷикӣ, қирғизӣ ва озарбойҷонӣ сӯҳбат мекунем.

    Барномаро зеркашӣ кардан