5 Май 2026

Чӣ тавр барои қабули духтур дар поликлиника тавассути Госуслуги номнавис кардан лозим аст?

Чӣ тавр барои қабули духтур дар поликлиника тавассути Госуслуги номнавис кардан лозим аст?

Дар Русия барои қабули духтур тариқи Госуслуги номнавис кардан мумкин аст. Ин қулай аст— навбат истодан ё ба қабулгоҳ телефон кардан лозим нест.


На танҳо худ, инчунин номнавис кардан мумкин аст:
1. кӯдакро;
2. шахси дигарро (барои мисол, завҷа/шавҳар).


Барои номнавис кардан чӣ лозим аст?
Аввал тайёр кунед:

- рақами полиси ОМС;
- бақайдгирӣ дар поклиникае, ки мехоҳед ба он муроҷиат кунед.

Бе бақайдгирӣ номнавис карда намешавад.

photo_2026-05-04_22-27-25.jpg

Чӣ тавр бояд номнавис кард ?

1. Вориди Госуслуги шавед ва хизматрасонии «Запись к врачу»-ро кушоед.
2. ВыбИнтихоб кунед, киро мехоҳед номнавис кунед.


Агар кӯдак ё шахси дигар бошад, лозим аст қайд кунед:
- Ному насаб;
- санаи таваллуд;
- рақами полиси ОМС;
- СНИЛС (агар бошад).


3. Поликлиникаро интихоб кунед.
4. Духтур ва вақти муносибро интихоб кунед.


Нуқтаи муҳим:
Дар баъзе поликлиникаҳо терапевтҳо дар асоси минтақа қабул мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки шумо метавонед танҳо ба духтури "худ"номнавис кунед.


Инро аниқ кардан мумкин аст:
1. Дар худи поликлиника;
2. Тариқи телефон ба қабулгоҳ.


Номнавис кардан тариқи Госуслуги — аз ҳама тарзи осонтарини қабули духтур бе навбат мебошад. Асос — шумо бояд полиси ОМС-и амалкунанда ва поликлиникаи ба он пайвастшуда дошта бошед.


Хабарҳои охиринро дар бораи қонунгузории муҳоҷират дар телеграм-канали мо хонед

Ҳисобкунаки интиқол

Маблағро фавран ба хона, бе пардохти пинҳонӣ ва бо қурби одилона фиристед.

Ӯзбекистон
Бо рақами корт UzCard/HUMO, ё ба бонк бо рақами телефон ба UzCard/HUMO
  • Ӯзбекистон
  • Озарбойҷон
  • Тоҷикистон
RUB
UZS

Қурби беҳтарин айни ҳол

Гузаронидан

Фавран

Комиссия

Бе комиссия

Роҳи осони хурсанд кардани наздикон

Ба ҳеҷ куҷо рафтан ва навбатро интизор шудан лозим нест - шумо метавонед интиқолҳоро дилхоҳ вақт фиристед.

Маълумоти бештар