Тасаввур кунед: саҳари барвақт, шаҳр танҳо бедор шуда истодааст. Шумо аллакай дар пой рост, ба рӯзи кории нав тайёри мебинед. Эҳтимол шумо дар соҳаи хӯрокворӣ ё такси кор мекунед. Ё шояд шумо озодагӣ ва тартибро таъмин карда, шаҳрро беҳтар мекунед. Ва дар ин вақт бо мушкилӣ дучор мешавед, чӣ тавр бояд бақайдгирии муваққатӣ бояд кард. Имрӯз мо Имрӯз мо оиди бақайдгирии муваҷҷатӣ сухан меронем – қадами муҳим барои ҳар шахсе, ки барои зист ва кор дар ин кишвар омадааст.
Бақайдгирии муваққатӣ: роҳи осон тариқи Госуслуги
Агар шумо шартномаи иҷораро тариқи Госуслуги баста бошед, шумо имконияти олиҷаноб барои ба таври содда ба расмият даровардани бақайдгирии муваққатӣ доред. Ин
Агар шумо шартномаи иҷораи манзилро тавассути портали Госуслуг баста бошед, имконияти хуби сабти муваққатии бақайдгириро бо тартиби соддатар доред. Ин вақт ва қувваи шуморо ба таври назаррас сарфа мекунад. Шарти асосӣ: Соҳиби манзил бояд ҳангоми бастани шартномаи иҷора ба бақайдгирии шумо розигии худро диҳад.
Ин чӣ тавр кор мекунад?
Пас аз он, ки соҳиби шартномаи иҷораро имзо мекунад, шумо метавонед ба расмият даровардани бақайдгирии муваққатӣ шурӯъ кунед. Агар шумо ин корро фавран иҷро накарда бошед, хавотир нашавед - сиёҳнависи дархости шумо дар бахши «Хизматрасонӣ»-и барномаи «Госуслуги» сабт карда мешавад. Ва шумо метавонед ба он дар вақти мувофиқ баргардед..
Мӯҳлати бақайдгирии муваққатии шумо ба давомнокии шартномаи иҷораи шумо мувофиқат хоҳад кард.
Тартиби амал барои ба расмият даровардани бақайдгирии муваҷҷатӣ тариқи Госусулги:

Аз барнома оғоз кунед: пас аз имзои шартномаи иҷора, барномаи «Госуслуги»-ро кушоед ва «К временной регистрации»-ро интихоб кунед .
Маълумотро ворид кунед:
• Агар лозим бошад, почтаи электронии худро ворид кунед.
• Маълумотро оиди шаҳрвандӣ ва ҷои таваллудатон ворид кунед.
• Шӯъбаи ВКД-ро интихоб кунед.Система ба шумо пешкаш мекунад, ки наздиктарин шӯъбаи ВКД-ро интихоб кунед.
• Аризаи худро фирстонед: Пас аз пурра кардани ҳамаи сатрҳои зарурӣ, аризаи худро пешниҳод кунед.
Сипас чӣ?
Шаҳодатномаи бақайдгирӣ ба кабинети шахсии шумо дар Госуслуги муддати 6 рӯзи корӣ меояд. Агар ба шумо нусхаи коғазии он лозим бошад, метавонед онро аз шӯъбаи ВКД-и интихобкардаатон ба даст оред.
Боз дар куҷо бақайдгирии муваққатиро ба расмият даровардан мумкин аст?
Ғайр аз Госуслуги, роҳҳои дигари, ба расмият дароварлдани бақайдгирии муваққатӣ, ки метавонанд дар ҳолатҳои гуногун муфид бошанд, мавҷуданд.
Ҳангоми иҷора барои худ(шумо):
· Дар шӯъбаи ВКД.
· Дар МФЦ (Маркази бисёрфунксионалӣ).
Ҳангоми иҷора барои кӯдакони то 14 сола ва кӯдакони аз 14 то 18 сола (бо розигии онҳо):
· Дар Госуслуги.
· Дар шӯъбаи ВКД.
· Дар МФЦ.
Нуқтаи муҳим: Розигии соҳибмулк барои бақайдгирии муваққатии кӯдакон дар ин ҳолат лозим нест!
Барои кӯдакони аз 14 то 18 сола (мустацилона):
· Дар Госуслуги.
· Дар шӯъбаи ВКД.
· Дар МФЦ.
Дар инҷо низ розигии соҳибмулк барои бақайдгирии муваққатии кӯдакон лозим нест!
Барои дигар истиқоматкунандагон(масалан, хешу табор ё рафиқон):
· Дар Госуслуги.
· Дар шӯъбаи ВКД.
· Дар МФЦ.
Дар ин ҳолат, розигии соҳибмулк барои бақайдгирии муваққатӣ лозим аст.
Мо дарк мекунем, ки ҳар рӯз шумо бо масъалаҳои нав дучор мешавед ва мехоҳем, ки масъалаҳои молиявӣ шуморо аз чизи асосӣ парешон накунад. Агар ба шумо лозим ояд, ки ба оилаи худ интиқол фиристед, аз барномаи мо истифода баред. Дар он — қурби содиқонаи асъор ва дигар хизматрасониҳои муфид барои муҳоҷирони меҳнатӣ.
Ин мақоларо ба дӯстонатон фиристонед, эҳтимол ин ба онҳо кӯмак мекунад!





