27 Январ 2026

Қаллобҳо дар наздикӣ ҳастанд: дар қуҷо аксар вақт муҳоҷиронро фиреб медиҳанд

Қаллобҳо дар наздикӣ ҳастанд: дар қуҷо аксар вақт муҳоҷиронро фиреб медиҳанд

Муҳоҷирон дар Русия аксар вақт ҳадафи қаллобон мегарданд. Сабаб оддӣ аст: на ҳама қонунҳо, қоидаҳо ва худи забонро хуб медонанд. Одамони беинсоф аз ин истифода мебаранд.


Дар зер усулҳои маъмултарини фиреб оварда шудаанд:


Аксар вақт бо ҳуҷҷатҳо фиреб медиҳанд. Дар интернет "зуд патент кардаен", "идома додани мӯҳлати бақайдгирии муваққатиро бе тарк кардани кишвар " ё "ҳалли мушкилиро тавассути дӯстон " пешкаш мекунанд. Дар натиҷа, шахс ё ҳуҷҷатҳои қалбакӣ мегирад ё бе пул мемонад ва сипас бо ҷарима ва санҷиш рӯбарӯ мешавад.


Намунаи дуюми маъмул —кор. Ваъдаи кори расмӣ ва маоши хуб медиҳанд. Аммо дар асл, бе шартнома кор мекунанд ва маошро таъхир медиҳанд ё тамоман пардохт намекунанд.


Дар иҷораи манзил қаллобӣ зиёд аст. Пешпардохт мегиранд, аксҳоро нишон медиҳанд ва баъд аз гирифтани пул нопадид мешаванд. Баъзан ба хона кӯчонида, пас аз чанд рӯз бе баргардонидани пул аз хона меронанд.

photo_2026-01-26_17-29-40.jpg

Зангҳо ва паёмҳо дар бораи ҷаримаҳо ва санҷишҳо дар месенҷерҳо қариб ҳамеша қаллобӣ мебошанд. Қаллобҳо бо ихроҷ кардан, санҷишҳои фаврӣ таҳдид мекунанд ва пул талаб мекунанд. Мақомоти давлатӣ пардохтро тавассути телефон ё месенҷерҳо талаб намекунанд.


Дар алоҳидагӣ оиди ҳуқуқшиносони қалбакӣ ва«кӯмакрасонҳо» бояд гӯем . Онҳо ваъда медиҳанд, ки манъ шудани воридшавиро аз байн мебардоранд, парвандаро бекор мекунанд ё «гапзанон мекунанд». Пешакӣ пул мепурсанд, аммо кафолат намедиҳанд. Аксар пас аз пардохт тамос бо онҳо ғайриимкон мешавад.


Барои ҳифзи худ, муҳим аст, ки мақоми муҳоҷирати худро мустақилона санҷед ва ба умеди суханони бегонагон нашавед. Тариқи Migrant ID оиди қонунвайронкуниҳо маълумот гирифтан, инчунин гирифтани тавсия оиди он, ки дар ҳолатҳои мушкил чӣ кор бояд кард, мумкин аст.


Ҳар қадар шумо бештар донед ва санҷед, ҳамон қадар эҳтимолияти қурбони қаллобӣ шудан камтар мешавад.


SalamPay-ро ҷорӣ кунед ва аз хизматрасонии Migrant ID истифода баред.

Навигариҳои қонунгузории муҳоҷиратро Telegram-канали мо хонед.

Ҳисобкунаки интиқол

Маблағро фавран ба хона, бе пардохти пинҳонӣ ва бо қурби одилона фиристед.

Ӯзбекистон
Бо рақами корт UzCard/HUMO, ё ба бонк бо рақами телефон ба UzCard/HUMO
  • Ӯзбекистон
  • Озарбойҷон
  • Тоҷикистон
RUB
UZS

Қурби беҳтарин айни ҳол

Гузаронидан

Фавран

Комиссия

Бе комиссия

Роҳи осони хурсанд кардани наздикон

Ба ҳеҷ куҷо рафтан ва навбатро интизор шудан лозим нест - шумо метавонед интиқолҳоро дилхоҳ вақт фиристед.

Маълумоти бештар