5 Феврал 2026

Муҳоҷирони меҳнатиро чӣ тавр фиреб медиҳанд ва чӣ тавр қалбакӣ будани патентро муайян бояд кард

Муҳоҷирони меҳнатиро чӣ тавр фиреб медиҳанд ва чӣ тавр қалбакӣ будани патентро муайян бояд кард

Патент яке аз ҳуҷҷатҳои тафтишшаванда барои муҳоҷирон аст. Қаллобон аз ин истифода мебаранд: онҳо на танҳо "хизматрасонӣ"-ро мефурӯшанд, балки моҳирона фиреб медиҳанд.


Дар зер нақшаҳое, ки оиди он кам сухан меронанд ва нишонаҳое, ки аз рӯи онҳо метавонед патенти аслиро аз қалбакӣ фарқ кунед.


1. "Патент омода аст, танҳо онро гиред." Қаллобон акси ҳуҷҷатро нишон медиҳанд ва бовар мекунонанд, ки он аллакай дар система ба қайд гирифта шудааст. Дар асл, ин варақаи каси дигар ё қалбакӣ аст. Ҳангоми санҷиш, зуд маълум мешавад, ки ҳуҷҷат дар база мавҷуд нест.


2. "Мо ҳамаи пардохтҳоро ба ҷои шумо пардохт кардем." Онҳо пешниҳод мекунанд, ки барои ҳуҷҷат бо "одами худӣ" пардохт кунед. Пули нақдро қабул мекунанд ва квитансия намедиҳанд. Дар натиҷа, пардохт анҷом намеёбад ва патент аз сабаби пардохт накардан бекор карда мешавад.


3. Ба шахс иҷозатномаи корӣ барои минтақа ё касби дигар дода мешавад. Ҳуҷҷат зоҳиран муқаррарӣ ба назар мерасад, аммо аз нигоҳи ҳуқуқӣ —қонунвайронкунӣ аст, ки боиси бекор кардани он мегардад.


4. Ваъда медиҳанд, ки "патент бе муоинаи тиббӣ ё супоридани имтиҳон" дода мешавад. Чунин маълумот дар базаҳои расмии давлатӣ дохил карда намешавад ва ҳуҷҷат ҳангоми санҷиши аввал беэътибор дониста мешавад.


5. Шуморо бо "хатогиҳо дар патент" метарсонанд. Занг мезананд ва мегӯянд, ки хатогӣ вуҷуд дорад ва онро фавран бо пардохти музд бояд"ислоҳ" кунанд. Ин фишор ва фиреб аст. Хатогиҳои патентро танҳо тавассути мақомоти расмӣ ислоҳ кардан мумкин аст.


Муҳим: бе иштирокии шахсси шумо патент гирифтан ғайриимкон аст!


Тибқи қонун, расмиёте мавҷуданд, ки шаҳрвандони хориҷӣ бояд шахсан гузаранд: муоинаи тиббӣ, гирифтани изи ангушт ва имтиҳон. Ҳеҷ кас наметавонад ин амалҳоро ба ҷои шумо анҷом диҳад.


Агар ба шумо ваъда диҳанд, ки ҳуҷҷат бе ташриф ба маркази муҳоҷират ва бидуни амалиётҳои зарурӣ дода мешавад, ин нишонаи аниқи қаллобӣ аст.


Аксаран чунин «ёрдамчиҳо»:

- Бовар мекунонанд, ки бе иштироки шумо ба расмият медароранд;

- Кӯшиш мекунанд зуд боварии шуморо ба даст оранд;

- Ба доштани алоқа бо «одамони даркорӣ» ишора мекунанд, аммо ҳуҷҷат нишон намедиҳанд;

- Худашон дар хостелҳо, сохтмонҳо, бозорҳо ё интернет мизоҷ меҷуянд;

- Бе шартнома ва чек кор мекунанд;

- Рӯҳан фишор меоранд ё «кафолати пурра» ваъда медиҳанд.

photo_2026-02-03_15-57-59.jpg

Чӣ тавр фаҳмидан мумкин аст, ки бо патент мушкилот вуҷуд дорад


Ҳатто агар ҳуҷҷат «муқаррарӣ» ба назар расад ҳам, на ҳамеша маънои онро дорад, ки аслӣ аст. Аксар вақт мушкилот на аз рӯи намуди зоҳирӣ, балки ҳангоми санҷиши маълумот ошкор карда мешаванд.


Барои эҳтиёткорӣ сабаб ҷой дорад, агар:

- Маълумот бо шиноснома мувофиқат намекунад (Ному насаб, санаи таваллуд);

- Дар патенте дигар минтақа нишон дода шудааст, лекин шумо дар он ҷой кор намекунед;

- Касб ё намуди фаъолияте, ки нисбат ба кори воқеан иҷрошуда фарқ мекунад, нишон дода шудааст;
- Тасдиқи анҷоми пардохт вуҷуд надорад;

- Корфармо хабарнома оиди бо кор таъмин шудан пешниҳод накардааст;

- Ба шумо наметавонанд фаҳмонанд, ки онро дар куҷо ва чӣ гуна расман тафтиш кардан лозим аст.


Дар хотир доштан муҳим аст: аслияти патент на аз рӯи намуди зоҳирии он, балки аз рӯи маълумоти он дар базаҳои расмии давлатӣ муайян карда мешавад. Агар маълумоти ҳуҷҷат дар базаҳо мавҷуд набошад ё мувофиқат накунад, он беэътибор ҳисобида мешавад - ҳатто агар патент дар даст бошад ҳам.


Барои пешгирӣ аз хатар, беҳтар аст, ки вазъи ҳуҷҷатҳоро худатон тафтиш кунед, на ба миёнаравон такя кунед. Санҷиш ба шумо имкон медиҳад, ки хатогиҳоро барвақт муайян кунед ва фаҳмед, ки пеш аз он ки вазъият ба ҷаримаҳо ё бекоркунӣ оварда расонад, чӣ кор бояд кард.


Хабарҳои охиринро дар бораи қонунгузории муҳоҷират дар Telegram канали мо хонед.

Ҳисобкунаки интиқол

Маблағро фавран ба хона, бе пардохти пинҳонӣ ва бо қурби одилона фиристед.

Ӯзбекистон
Бо рақами корт UzCard/HUMO, ё ба бонк бо рақами телефон ба UzCard/HUMO
  • Ӯзбекистон
  • Озарбойҷон
  • Тоҷикистон
RUB
UZS

Қурби беҳтарин айни ҳол

Гузаронидан

Фавран

Комиссия

Бе комиссия

Роҳи осони хурсанд кардани наздикон

Ба ҳеҷ куҷо рафтан ва навбатро интизор шудан лозим нест - шумо метавонед интиқолҳоро дилхоҳ вақт фиристед.

Маълумоти бештар