Ин мацола барои онщое, ки ҳуқуӣ дар Русия зиндагӣ кардан доранд: ВНЖ, РВП/РВПО ё шаҳрвандии ФР.
Барои аксари муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон бақайдгирӣ – марҳилаи ҳатмӣ ва муҳими будубошти қонунӣ дар ФР мебошад. Аммо рафти ба расмият даровардан мураккаб аст: ба куҷо бояд муроҷиат кард, кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд ва чӣ тавр рад кардани онро пешгирӣ бояд кард. Мо дарк мекунем, ки ба шумо на танҳо риояи қонуни муҳоҷират, инчунин доштани имконияти ором кор кардан ва ҳангоми дур аз ватан будан оилаи худро дастгирӣ кардан муҳим аст Бинобарин ба шумо мефаҳмонем, чӣ тавр дуруст дар ҷои зист аз бақайдгирӣ дар ШКД ё МФЦ бояд гузашт.
Барои чӣ бақайдгирӣ дар ҷои зист муҳим аст?
Бақайдгирӣ — ин тасдиқи ҳуқуқӣ будани будубошти шумо дар суроғаи муайян мебошад. Бидуни он мушкилиҳо. Бидуни он мушкилиҳо бо гирифтани хизматрасонии тиббӣ, аз ҳама муҳимаш бо таъмин шудан бо ҷои корӣ пеш меоянд.
Барои бақайдгирӣ ба куҷо бояд муроҷиат кард?
Шумо метавонед ба шӯъбаи МВД оид ба муҳоҷират, ки ба суроғаи ояндаи шумо хизмат мерасонад, ариза ирсол намоед. Барои қабул тариқи хизматрасонии Госуслуги навбат гирифтан қулай аст. Инчунин бақайдгирӣ дар МФЦ, ки дар ҳолати зарурӣ якчанд намуди хизматрасониҳои давлатиро гузаштан мумкин аст, дастрас аст. Мӯҳлати хизматрасонӣ — то 6 рӯзи корӣ.

Чиро бо худ бояд гирифт?
· Шиносномаи аризадиҳанда.
· Агар завҷаатон ё шавҳаратон, фарзандони аз 14 то 18 солаатонро ба қайд гирифтани бошед, шиносномаи онҳо.
· Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликияти манзил ё шартномаи иҷораи иҷтимоӣ. Агар ҳуҷҷат бо Росреестр сабт нашуда бошад ё бо забони русӣ набошад, нусхаи аслии он ва тарҷумаи аз тарафи нотариус тасдиқшуда лозим мебошад.
· • Агар шумо соҳиби манзилнабошед, ҳамаи соҳибони аз 18-сола боло бояд бо шумо биёянд ё розигии аз тарафи нотариус тасдиқшударо диҳанд.
· • Барои кӯдакони синни то 14-сола - шаҳодатномаи таваллуд ва тарҷумаи нотариалии он (агар берун аз Федератсияи Россия дода шуда бошад), инчунин шаҳодатномаи бақайдгирии доимӣ, агар мавҷуд бошад.
· • Барои бақайдгирии шахси бесалоҳият- шиноснома, қарори суд, қарори суд оиди бесалоҳият қабул шуда ва акти парасторӣ ё эътимоднокӣ.
Кӣ бояд ба қабул биёяд?
Ба қабули ШКД ё МФЦ ҳама аъзоёни оилае, ки шумо шумо ба қайд гирифтаниед, бояд биёянд- ҳамсар, фарзандони аз аз 14 то 18 сола. Агар шумо дар манзил саҳм доред ё фарзандонатонро дар суроғаи бақайдгирии худ ба қайд гузоштани бшед, розигии соҳибони дигар талаб карда намешавад.
Пас аз додани ариза чӣ мешавад?
Дар рӯзи таъиншуда шумо бояд такроран ба ВКД ё МФЦ равед, ки дар шиноснома тамға оиди бақайдгирӣ гузошта мешавад. Ба кӯдакони то 14 шаҳодатнома оиди бақайдгирӣ дода мешавад. Дар хотир доред, ки ҳангоми иваз кардани ҷои истиқомат, бояд давоми 7 рӯзи календарӣ аз қайд гузаред. Агар шумо оиди статуси ҳуҷҷат хавотирӣ доред, онро қабул ё рад карданд, онгоҳ метавонед онро дар барномаи мо тафтиш кунед!
Дар барномаи SalamPay хизматрасонии Migrant ID пайдо шуд — он статуси муҳоҷирати шуморо дар базаҳои расмии ВКД. Инчунин, мо метавонем ба шумо тавсия диҳем, агар шумо ногаҳон ба қонуншиканӣ роҳ дода бошед. Барномаро зеркашӣ кунед ва истифода баред!
Мақола фоидаовар буд? Илтимос, онро ба наздикон ва пайвандонатон фиристед!





