Санҷиши ҳуҷҷатҳо - барои коргарони муҳоҷир дар Русия як ҳолатӣ одди аст. Кормандони пулис ҳақ доранд қонунияти будубош ва кори онҳоро тафтиш кунанд. Донистани он, ки ҳамеша бо худ кадом ҳуҷҷатҳоро бояд гардонед муҳим аст.
1. Шиноснома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият. Ин ҳуҷҷати асосиест, ки шахсияти шуморо тасдиқ мекунад.
2. Корти муҳоҷират. Ин ҳадафи вуруд ба Русияро тасдиқ мекунад. Дар он бояд ҳадафи дуруст нишон дода шавад - масалан, "кор".
3. Бақайдгирӣ дар ҷои истиқомат(регистрация). Шумо бояд дар суроғаи истиқоматии худ ба қайд гирифта шуда бошед. Ин ҳуҷҷат қонунӣ будани будубоши шуморо дар ин суроға тасдиқ мекунад.

4. Патент (агар шумо тибқи патент кор кунед). Ин ҳуқуқи шуморо барои кор тасдиқ мекунад. Инчунин тавсия дода мешавад, ки квитансияҳо барои пардохти патент дошта бошед, то исбот кунад, ки он сари вақт тамдид шудааст.
Набудани ягон ҳуҷҷат метавонад боиси ҷарима ё ҳатто оқибатҳои ҷиддитар гардад. Аз ин рӯ, беҳтар аст, ки ҳуҷҷатҳои асосии худро бо худ бигиред ё нусхаҳои онҳоро дошта бошед.






