Барномаи RuID то ҳол саволҳои зиёдеро ба миён меорад. Оё пеш аз сафар онро насб кардан лозим аст? Оё гирифтани QR-рамз ҳатмист? Ва бояд кард, агар рамз дода нашавад?
Биёед бубинем, ки система дар соли 2026 чӣ гуна кор мекунад.
RuID барои чӣ лозим аст?
RuID барои шаҳрвандони хориҷие, ки бидуни раводид ба Русия ворид мешаванд, таъсис дода шудааст. Тариқи барнома фиристодани дархости вуруд ва гузаштани санҷиши пешакӣ мумкин аст.
Пас аз анҷом додани расмиёти зарурӣ, RuID метавонад QR-рамзро, ки дорои маълумоти шаҳрванди хориҷӣ ва маълумот оиди сафар таъсис диҳад..
Пеш аз сафар чӣ бояд кард?
Агар нақша доред ба Русия бидуни раводид ворид шавед, мо тавсия медиҳем, ки RuID-ро пешакӣ насб кунед ва амалҳои заруриро дар барнома иҷро кунед.
Агар QR-рамз таъсис шуда бошад, онро нигоҳ доред ва дар ҳолати зарурӣ барои пешниҳоди он омода бошед.
Агар шумо ҳамаи қадамҳоро иҷро карда бошед ва рамз пайдо нашавад, вазъи дархости худ ва маълумотро дар барнома санҷед.
Муҳимтар аст, ки бақайдгириро дар RuID то рӯзи сафаратон ба таъхир наандозед. Беҳтар аст, ки бо дархост пешакӣ шинос шавед, то шумо пеш аз убур аз марз вазъи дархости худро фаҳмед ва барои ҳалли ҳама гуна мушкилот вақт дошта бошед.

Агар қаблан бе RuID ворид шуда бошам?
Қоидаҳо ва амалияҳои истифодаи он таъғир меёбад. Танҳо аз он сабаб, ки шумо дар сафари охиринатон барнома ё QR-рамзро дархост накардаед, маънои онро надорад, ки он дар вуруди навбатии шумо чун пешина хоҳад буд.
Пеш аз ҳар сафар, талаботи охиринро дар манбаъҳои расмии ҳукумат тафтиш кунед.
Ва дар хотир доред: RuID ҳуҷҷатҳо ва расмиёти дигареро, ки барои шаҳрванди хориҷӣ барои будубоши қонунӣ ва кор дар Русия заруранд, иваз намекунад.






