Аз 1 феврали соли 2027 дар Русия барои шаҳрвандони хориҷие, ки мехоҳанд ҳуҷҷатҳои, талаботи нав ҷорӣ карда мешаванд:
- РВП;
- РВПО;
- ВНЖ ё шаҳрвандии Русия.
Таъғирот бо Қонуни федералии № 314-ФЗ аз 4 августи соли 2026 пешбинӣ шудааст.
Яке аз навовариҳои асосӣ - ҷой дошатни доғи судӣ берун аз ҳудуди Русия мебошад.
Ҳуҷҷати нав лозим аст барои
Ҳангоми дархост барои гирифтани РВП, РВПО ё ВНЖ, шаҳрванди хориҷӣ бояд ҳуҷҷатеро пешниҳод кунад, ки мавҷуд будан ё набудани доғи судиро тасдиқ кунад.
Он бояд аз мақомоти салоҳиятдори кишвари шаҳрвандии худ гирифта шавад. Агар шахс дар кишвари дигар ҳуқуқи истиқомати доимӣ дошта бошад, ҳуҷҷати он кишвар низ талаб карда мешавад. Агар шахс дорои якчанд шаҳрвандии дигар ё ВНЖ бошад, бояд ҳуҷҷат аз ҳар як кишвари дахлдор пешниҳод карда шавад.
Як талаботи муҳим вуҷуд дорад: ҳуҷҷат бояд на зиёда аз се моҳ пеш аз пешниҳоди дархост гирифта шуда бошад.
Агар доғи судӣ ҷой дошта бошад, чӣ таъғир меёбад?
Доштани доғи судии бардоштанашуда ё бекорнашуда барои ҷинояти содиршуда дар Русия ё хориҷа, асоси рад кардани РВП, РВПО ё ВНЖ хоҳад буд.
Ҳангоми дархост барои гирифтани шаҳрвандии Русия инчунин талаботи зерин ҷорӣ карда мешавад.
Дар ин ҳолат, сухан оиди сабти ҷиноии бардоштанашуда ё бекорнашуда меравад, на дар бораи ягон далели ба ҷавобгарӣ кашида шудан дар гузашта.
Ба кӣ ҳуҷҷат лозим намешавад?
Қонун истисноҳоро пешбинӣ мекунад. Масалан, ин ҳуҷҷат барои кӯдакони то 14-сола, гурезагони эътирофшуда ва онҳое, ки дар Русия паноҳгоҳи сиёсӣ ё муваққатӣ гирифтаанд, талаб карда намешавад. Инчунин, он ба баъзе категорияҳои хориҷиёне, ки айни замон дар артиш хидмат мекунанд ё тибқи шартнома хидмат кардаанд, дахл надорад.

Агар ҳуҷҷатҳо пештар супорида шуда бошанд?
Қоидаҳои нав аз 1 феврали соли 2027 эътибор пайдо мекунанд. Агар дархост барои гирифтани РВП, РВПО, ВНЖ ё шаҳрвандӣ пеш аз эътибор пайдо кардани қонун пешниҳод шуда бошад, он мувофиқи қоидаҳои дар санаи пешниҳод амалкунанда баррасӣ карда мешавад.
Аз ин рӯ, онҳое, ки нақша доранд дар соли 2027 ҳуҷҷатҳоро дархост кунанд, бояд ин талаботи навро пешакӣ ба назар гиранд. Ҳатман санҷед, ки ҳуҷҷати заруриро дар кишвари худ аз куҷо гирифтан мумкин аст.






