16 Октябр 2025

IMEI чист ва ба муҳоҷирон барои чӣ лозим аст?

IMEI чист ва ба муҳоҷирон барои чӣ лозим аст?

Барои бисёр муҳоҷирон, ки дар Русия зиндагӣ ва кор мекунанд, телефони мобилӣ - асбоби муҳим барои нигоҳ доштани тамос бо оила ва фиристодани интиқол аз Русия ба Ӯзбекистон, Тоҷикичто ва Озарбойҷон мебошад. Дар ин замина, доштани маълумот оиди мафҳуми IMEI махсусан фоидаовар мебошад.


IMEI чист?


IMEI ((International Mobile Equipment Identity) рақами мушаххас, ки аз 15 адад иборат аст, ва ба ҳар як дастгоҳи бо SIM-корт кор мекарда таъин карда мешавад . Ин рақам ба операторони алоқа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кӯмак мекунад, ки дастгоҳро муайян кунанд, масалан, ҳангоми гум шудан ё дуздидан.


Барои муҳоҷирони меҳнатӣ IMEI ҳангоми муроҷиат ба маркази муҳоҷирати Сахарово ё дар мавриди ҳалли масъалаҳои вобаста ба қонунгузории муҳоҷират ва навигариҳои муҳоҷират лозим мешавад, махсусан агар сухан оиди бақайдгирии дастгоҳ ё баста гардонидани телефони дуздидашуда равад.


Чӣ тавр  IMEI-и телефонатонро фаҳмидан мумкин аст?


Якчанд роҳи осони фаҳмидани IMEI мавҷуд аст:


·       Дар қуттии дастгоҳ . Одатан  IMEI дар қуттие, ки телефон дар он фурӯхта мешавад, навишта шудааст.

·       • Бо ёрии фармон дар телефони худ. * # 06 # -ро дар телефонатон гиред ва зангро пахш кунед. Рамз дар экран пайдо мешавад - ин IMEI аст. Агар шумо смартфони дорои ду SIM-корт дошта бошед, он ҷо ду рамзи IMEI хоҳад буд.

·       • Дар танзимоти телефон. Дар қисмати "Дар бораи телефон" ё "Маълумот оиди дастгоҳ" шумо метавонед IMEI-ро пайдо кунед.

·       • Дар болои телефон. Баъзан рақам дар бари SIM корт ё зери батарея ҷойгир аст (агар он ҷудошаванда бошад).

·       • Дар ҳуҷҷатг. Ба дастурҳо ё корти кафолат нигаред.


Агар шумо IMEI-ро мустақилона пайдо карда натавонед, ҳамеша метавонед ба корманди оператори алоқа муроҷиат кунед.

14.10 IMEI (1).png

Чаро ин барои муҳоҷирон муҳим аст?


Донистани IMEI барои ҳифзи дастгоҳ ва маълумоти шахсии шумо кӯмак мекунад. Агар телефони шумо гум шуда бошад ё дуздида шавад, шумо метавонед донро баста гардонед. ки ин махсусан барои онҳое, ки мунтазам аз Русия ба давлатҳои ИДМ интиқол мефиристанд ва ба алоқаи устувор мӯҳтоҷанд, муҳим мебошад.


Илова бар ин, ҳангоми ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои муҳоҷират дар Маркази муҳоҷирати Сахарово ё ҳангоми ҳалли масъалаҳои вобаста ба қонунгузории муҳоҷират, IMEI мумкин аст барои тасдиқи соҳиби дастгоҳ будани шумо лозим шавад.

Ҳисобкунаки интиқол

Маблағро фавран ба хона, бе пардохти пинҳонӣ ва бо қурби одилона фиристед.

Ӯзбекистон
Бо рақами корт UzCard/HUMO, ё ба бонк бо рақами телефон ба UzCard/HUMO
  • Ӯзбекистон
  • Озарбойҷон
  • Тоҷикистон
RUB
UZS

Қурби беҳтарин айни ҳол

Гузаронидан

Фавран

Комиссия

Бе комиссия

Роҳи осони хурсанд кардани наздикон

Ба ҳеҷ куҷо рафтан ва навбатро интизор шудан лозим нест - шумо метавонед интиқолҳоро дилхоҳ вақт фиристед.

Маълумоти бештар