Ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ кӯшиш мекунад, ки барои худ ва оилааш ҳаёти сазоворро таъмин кунад. Аммо, бидуни банақшагирии дурусти буҷет ба даст овардани ҳадафҳои молиявӣ мушкил аст. Мешавад, ки баъзе одамон маблағи наонқадар калон кор мекунанд, лекин дар ҳамин ҳолат барои харидҳои калон маблағ ҷамъ кунанд. Ин чихел ба онҳо муяссар гашт?
Имрӯз мо нашри як қатор мақолаҳоро дар бораи саводнокии молиявии муҳоҷирон оғоз мекунем ва барои ин ба мо шарики боваринокамон Migrant.uz кӯмак мекунад.
🧮 Ҳисоби даромад ва баромадҳоро баред.
Ин ба шумо имкон медиҳад, ки фаҳмед, вазъияти молиявии шумо чигуна аст, чиқадар маблағ кор мекунед ва онро ба чӣ хароқот мекунед, арзиши одатҳои шумо, мақсадҳои молиявӣ гузоштан, банақшагирии харидҳои калон ва пешгирии зарурати қарз гирифтан.
Мувофиқи таҷриба бисёр муҳоҷироне, ки ҳисоб бурданро сар карданд, маълум гашт, ки онҳо метавонанд ба оила аз пешина 15-30% зиёд маблағ фиристонанд ё ҷамъ кунанд — танҳо аз ҳисоби идораи хароҷотҳои"нопадид".
✍️Ҳисоби муфассали ҳамаи даромадҳоро баред
• Ҳар як маблағи ба даст овардаатонро нависед
• Ҳамаи квитансияҳо ва маълумотро оиди маош нигоҳ доред
• Даромадҳои иловагиро сабт кунед
💱 Ҳамаи хароҷотҳоро идора кунед
• Барномаҳои махсусро барои ба ҳисоб гирифтани хароҷот истифода баред, SMS-ро аз бонк пайваст кунед ва тавозуни кортро мунтазам тафтиш кунед
• Ҳамаи чекҳои харидҳоятон ва квитансияҳои патентатонро нигоҳ доред
• Хароҷотҳои ҳатмӣ ва ҳатминабударо ҷудо кунед
• Ҳар моҳ рӯйхати хароҷотҳои худро тафтиш кунед ва муайян намоед, ки кадом хароҷотҳоро кам кардан мумкин аст

🗓 Хароҷотҳои калонро пешакӣ ба нақша гиред
• Рӯйхати хариду пардохтҳои калони заруриро ташкил диҳед
• Муайян кунед, ки барои ҳар як хариди калон чиқадар маблағ лозим аст ва ба нақша гиред, кай шумо онро амалӣ карданиед
• Ҳар моҳ маблағи муайянро барои ин хароқот пасандоз кунед;
• Чиптаҳои ҳавопаймоӣ ва роҳи оҳанро пешаки харидорӣ кунед – ин арзонӣар аст
• Тахфифҳои мавсимиро истифода баред (масалан, либоси зимистонаро тобистон харед)
✔️ Мақсадҳои молиявӣ гузоред
• Масрафҳои афзалиятнокро муайян кунед
• Нақшаи ҷамъовариро ташкил диҳед
• Пешрафтро пайгирӣ кунед
💰 Болишти бехатарии молиявиро ташкил диҳед
* Ҳадди аққал 10% даромадро пасандоз кунед
* Пасандозҳоро дар суратҳисоби ҷудо нигоҳ доред
* Пасандозҳоро барои хароҷотҳои ҷорӣ сарф накунед
✍️Хароҷотҳоро барои ид ва тантанаҳо аз сари нав дида бароед
• Барои тӯйҳо ва ҷашнҳо буҷаи оқилона гузоред
• Ба оила зарурати сарфа карданро фаҳмонед
* Усулҳои алтернативии гузаронидани маъракаҳоро ҷустуҷӯ кунед

💸 Ҳамарӯза хароҷотатонро оптимизасия кунед
• Хӯрокро дар хона пазед, ба ҷои тайёрро харидан
• Аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баред
• Тарофаҳои қулайи алоқаро ҷустуҷӯ кунед
• Патентро барои соли оянда пешакӣ пардохт кунед. То охири сол бо нархи пешина пардохт кардан мумкин аст
• Ҳуҷҷати "Бақайдгирӣ" -ро барои давраи ба қадри имкон зиёд ба расмият дарорде. Ин арзон аст, нисбати ҳар се моҳ мӯҳлаташро дароз кардан
• Рӯзҳои корӣ ва дар вақти корӣ интиқол фиристед - пас аз кор ва дар рӯзҳои истироҳат қурби асъор баланд аст
• Пеш аз фиристодани пул ҳамаи хизматрасониҳои маълум ва боэътимодро муқоиса кунед. Ҳама комиссияҳо ва пардохтҳоро ба ҳисоб гиред. Барои интиқолҳо метавонед барномаи мо SalamPay-ро истифода баред.
⏰ Аз харидҳои импулсивӣ канорагирӣ кунед
• Пеш аз рафтан ба мағоза рӯйхати харидҳоро тартиб диҳед. Ин шуморо аз хароҷоти нолозим нигоҳ медорад
• Пеш аз харидани чизи маъқулшуда, ақаллан 24 соат таваққуф кунед
• Одатан, дар як рӯз хоҳиши харидани мол суст мешавад ё ҳатто аз байн меравад;
• Он чизе, ки ҳамон вақт ба назар зарур буд, дар асл метавонад чизи нолозим бошад
• Ҳангоми интизорӣ аз худ бипурсед, ки дар ҳақиқат ба ман ин чиз лозим аст.
• Агар ҳатто баъди як рӯз шумо фикр мекунед, ки ин чиз ба шумо лозим аст, пас шумо метавонед харид кунед ва онро қарори бомулоҳиза ҳисоб кунед
Ин мақоларо ба дӯстонатон фиристонед.
Дар мақолаи навбатӣ мо дар бораи усулҳои самараноки пул сӯҳбат хоҳем кард.