26 Июн 2024

Барои онҳое, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд

Барои онҳое, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд

Шумо дар Русия кору зиндагӣ мекунед? Тавсияҳои моро хонед ва бифаҳмед, ки чӣ гуна будубоши худро дар Русия бехатар ва бароҳат гардонед.

1. 🤝 СУҲБАТ КУНЕД

Бо дигар муҳоҷирон ва сокинони маҳаллӣ шинос шавед, дӯстони нав пайдо кунед, аммо ҳангоми мукотиба дар чатҳо ва каналҳои Telegram эҳтиёт бошед - дар онҳо қаллобон низ ҳастанд. Боварӣ ҳосил кунед, ки шумо бо одамони воқеӣ муошират мекунед, кӯшиш кунед, ки маълумотро дар бораи онҳо дар Интернет тафтиш кунед. Бо ширкатҳои шубҳанок ҳамкорӣ накунед, фармоишҳои шубҳанокро иҷро накунед (барои гирифтани чизе ба ҷое) - бо ин роҳ шуморо ба корҳои ғайриқонунӣ ҷалб кардан мумкин аст.

2. 🧑‍🏫 ЗАБОН ОМӮЗЕД, ЗАБООМӮЗИИ ХУДРО ТАШАККУЛ ДИҲЕД, МАЪЛУМОТ ГИРЕД

Кӯшиш кунед, ки забони русиро омӯзед ва тарзи талаффузи худро такмил диҳед. Дар љойњои љамъиятї бо овози баланд њарф назанед, бомаданият рафтор кунед, зеро мардуми рус аз мењмонњо эњтиёткоранд ва бо забони бегона гап задани онњо аслан хуш намеояд. Диққат диҳед, ки одамон дар кӯча ва нақлиёти ҷамъиятӣ чӣ гуна рафтор мекунанд. Ба одами рус "бародар" муроҷиат накунед - ин одат нест. Агар шумо чизе пурсед, беҳтар аст бигӯед: "Мебахшед, шумо метавонед ба ман бигӯед ..."

3. ⚠️ ҚОНУНҲОИ АМАЛКУНАНДАРО РИОЯ НАМОЕД

Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бетартибӣ накунед. Боодоб бошед, табассум кунед. Кӯшиш кунед, ки ба муноқишаҳо наравед, аз иғвогарон канорагирӣ кунед - беҳтар аст бахшиш пурсед ва тарк кунед. Дар хотир доред, ки оилаатон шуморо дар хона интизор аст ва вазифаи шумо солиму бардам ба хона баргаштан аст!

4. 🏖 САЛОМАТИИ ХУДРО ЭҲТИЁТ НАМОЕД, БОМАДАНИЯТОНА ИСТИРОҲАТ НАМОЕД

Бо варзиш машғул шавед, ба либоспӯшиатон диққат диҳед. Маҳсулоти арзон ва сифатнокро дар марказҳои савдо ва ё дар интернет харидан мумкин аст. Нархҳоро муқоиса кунед: баъзан чизҳои арзон мисли чизҳои қиматбаҳо хубанд.

5. 💸 БУҶҶАИ ХУДРО САРФА НАМОЕД - ХАРОҶОТҲОИ ХУДРО НАЗОРАТ КУНЕД

Кӯшиш кунед, ки пулро сарфа кунед. Барои ин, шумо метавонед онлайн харид кунед. Ба оила ва дӯстони худ тавассути SalamPay интиқол диҳед - бе комиссия ва бо нархи мувофиқ! Блоги моро пайгирӣ кунед, то маслиҳатҳои муфидеро биомӯзед, ки ҳаёт ва кори шуморо дар Русия осонтар ва муваффақтар мегардонанд!

Ҳисобкунаки интиқол

Маблағро фавран ба хона, бе пардохти пинҳонӣ ва бо қурби одилона фиристед.

Ӯзбекистон
Бо рақами корт UzCard/HUMO, ё ба бонк бо рақами телефон ба UzCard/HUMO
  • Ӯзбекистон
  • Озарбойҷон
  • Тоҷикистон
RUB
UZS

Қурби беҳтарин айни ҳол

Гузаронидан

Фавран

Комиссия

Бе комиссия

Роҳи осони хурсанд кардани наздикон

Ба ҳеҷ куҷо рафтан ва навбатро интизор шудан лозим нест - шумо метавонед интиқолҳоро дилхоҳ вақт фиристед.

Маълумоти бештар