26 Март 2025

Роҳҳои самараноки пасандози маблағ барои муҳоҷирон

Роҳҳои самараноки пасандози маблағ барои муҳоҷирон

Пасандоз – ин шумо аз ҳолатҳои ғайричашмдошт ва имконияти ноил шудан ба мақсадҳои муҳими ҳаёт.

Барои муҳоҷирон махсусан доштани болишти бехатарӣ муҳим аст, зеро:

• Мумкин аст кор муваққатӣ ё мавсимӣ бошад;

• Эҳтимол хароҷотҳои ғайричашмдошт барои ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо пеш оянд;

• Барои кӯмак ба оила мумкин пул лозим шавад:

Доштани сармоя муҳим аст, барои ба ватан баргаштан ва оғоз кардани кори худ.

Мо нашри силсилаи мақолаҳоро оиди маълумотнокии молиявии муҳоҷирон идома медиҳем ва барои ин ба мо шарики боэътимодамон Migrant.uz кӯмак мерасонад.

Принсипҳои асосии пасандозро дида мебароем:

liromanovskaya_Uzbek_migrants_go_to_work_on_the_street_the_sun__bcb29d75-6a93-4981-8191-d3bb34b03a28.webp
Системаи ду лифофа

•Пулро барои хароҷот ва ҷамъоварӣ тақсим кунед;

• Маблағро барои ҷамъоварӣ аз пулҳои ҳамарӯзаатон ҷудо нигоҳ доред;

• Категорияи гуногуни маблағҳоро омехта накунед.

Усули маблағи муайян

• Маблағи аниқеро барои ҷамъоварии ҳармоҳа муайян кунед;

• Ба пасандозҳо ҳамчун пардохти ҳатмӣ муносибат кунед;

• Ҳангоми зиёд шудани даромад, маблағро зиёд кунед.

Қоидаи рӯзи аввал

• Қисми пулро баъди ба даст овардани маош ё даромад яктараф гузоред;

• Аз 10% даромад оғоз кунед;

• Тадриҷан фоизи пасандозҳоро зиёд кунед.

Пасандози танга

•Тангаҳоро дар як зарф гузоред;

• Пулҳои арзиши ягонадоштаро ҷамъ кунед;

• Мунтазам ҳисоби пасандозатонро бо маблағҳои ночиз бошад ҳам пурра намоед.

Пасандозҳои мақсаднок

• Мақсади аниқи молиявӣ ё якчанд мақсадро муайян кунед. Масалан, харидани чиптаи ҳавопаймо, мошин ва ғайраҳо;

• Миқдори маблағи заруриро ҳисоб кунед;

• Мӯҳлати ба мақсад расиданро муайян кунед;

• Маблағи умумиро ба миқдори моҳ тақсим кунед.

Автоматизатсияи пасандоз

Танзими автоаматии як қисми пулро ба суратҳисоби пасандоз дар рӯзи маош ё вориди пул дар барномаи бонке, ки кортатонро баровардааст, ба роҳ монед;

• Суратҳисоби пасандоз (лифофаҳо, нишонаҳо)-ро дар барномаи бонк истифода баред;

• Яклухт кардани маблағи харидҳоро бо интиқоли фарқият ба пасандоз пайваст кунед.

liromanovskaya_Man_with_beard_and_short_haircut_thinking_about__93116b47-6884-4c6d-baaf-654e12990b6c.webp
Дар куҷо нигоҳ доштани пасандозҳо беҳтар аст?

💳 Асбобҳои бонкӣ

• Ҳисоби пасандоз дар бонки боэътимод ё дар барномаи бонк;

• Депозит бо имконияти пуррагардонӣ;

• Ҳисобҳо бо асъорҳои гуногун барои диверсификатсияи пасандозҳо - агар қурби рубл паст равад, қисми пасандозҳои шумо бо асъори хориҷӣ қобилияти харидориро нигоҳ медоранд;

• Ҳисобҳои металлӣ (тилло, нуқра).

💵 Пасандозҳои нақд

• Дар ҷои бехатар (сейфи хонагӣ ва ячейкаҳои бонк) бо асъори гуногун нигоҳ доред;

• Ба якчанд қисм тақсим кунед;

• Хавфи беқурбшавии асъорро ба назар гиред.

liromanovskaya_pixar_style_Uzbek_migrants_go_to_work_on_the_str_7bd6a202-74a9-432c-b92d-a0b32f393e85.webp
Хатогиҳои маъмул ҳангоми пасандозкунӣ

🚨 Мавҷуд набудани нақшаи аниқ

• Нақшаҳои аниқ муайян нашудаанд;

• Набудани системаи мунтазами пасандоз;

• Қарорҳои ногаҳон оиди пасандоз.

🚨 Нигоҳ доштани ҳамаи пул дар як ҷой

• Хатари аз даст додани ҳамаи маблағ;

• Майли сарф кардани пасандоз;

• Мушкилоти идоракунии мақсадҳои гуногун.

🚨 Пасандоз кардани “он чизе, ки боқӣ мемонад”

• Одатан чизе боқӣ намемонад;

• Набудани пасандозҳои афзалиятнок;

• Набудани интизом.


Ин мақоларо ба дӯстонатон фиристонед.

Дар мақолаи навбатӣ мо дар бораи асрори раҳо ёфтан аз қарзҳо сӯҳбат мекунем.

Ҳисобкунаки интиқол

Маблағро фавран ба хона, бе пардохти пинҳонӣ ва бо қурби одилона фиристед.

Ӯзбекистон
Бо рақами корт UzCard/HUMO, ё ба бонк бо рақами телефон ба UzCard/HUMO
  • Ӯзбекистон
  • Озарбойҷон
  • Тоҷикистон
RUB
UZS

Қурби беҳтарин айни ҳол

Гузаронидан

Фавран

Комиссия

Бе комиссия

Роҳи осони хурсанд кардани наздикон

Ба ҳеҷ куҷо рафтан ва навбатро интизор шудан лозим нест - шумо метавонед интиқолҳоро дилхоҳ вақт фиристед.

Маълумоти бештар