Зиндагӣ ва кор дар кишвари дигар — шиддати доимӣ аст. Забони нав, қонунҳои нав, масъулият дар назди оила, ҷадвали кории вазнин. Ҳамаи ин метавонад ба коҳиши рӯҳӣ оварда расонад..
Нишонаҳои коҳиши рӯҳӣ:
- Хастагии доимӣ, ҳатто баъди истироҳа;
- асабоният ва шиддати хашм;
- бепарвоӣ, надоштани хоҳиши кор кардан;
- мушкилӣ юо хоб;
- Эҳсос, ки қувват нест ва аз ҳама чиз дилгир шудаед;
- Ин сустӣ нест. Ин аксуламали организм ба стресси тӯлонӣ аст..
Чӣ тавр худро дастгирӣ бояд кард:
1. Ба худ истрироҳат диҳед. Ҳатто бо ҷадвали кории шадид, муҳим аст, ки барои барқароршавӣ вақт ҷудо кунед.
2. Ба қадри кофӣ хоб кунед. 6-7 соат хоб ба системаи асаби шумо кӯмак мекунад, ки бо мушкилиҳои асаб мубориза барад.
3. Бо наздикон ё дӯстон сӯҳбат кунед - муошират ба рафъи шиддати дохилӣ мусоидат мекунад ва имкон намедиҳад, ки ҳама чизро дар худ нигоҳ доред.
4. Барои худ вақт ҷудо кунед. Сайругашт, фаъолияти сабуки ҷисмонӣ ё мусиқӣ метавонад ба шумо барои ба раванди дигар равон кардани фикри худ кӯмак кунад. Барномаи мобилии мо дорои радиои миллӣ мебошад - шумо метавонед сурудҳои дӯстдоштаи худро бо забони модарӣ гӯш кунед ва робитаи худро бо хона ҳис кунед.
5. Аз пурсидани кӯмак натарсед. Агар шумо эҳсос кунед, ки аз ҳад зиёд хаста шудаед, метавонед ба мутахассис муроҷиат кунед ё бо касе, ки ба ӯ эътимод доред, сӯҳбат кунед.

Бояд дар ёд дошт, саломатӣ — ин асоси ҳама чиз аст. Пулро кор кардан мумкин аст, аммо барқарор кардани саломатӣ хело мушкил аст. Худ ва ҳолати рӯҳии худро эҳтиёт кунед.






