Дар Русия барои коргарони хориҷӣ системаи суғуртаи ҳатмии тиббӣ (СҲТI) амал мекунад. Ин имкон медиҳад, ки тибқи полис ёрии тиббӣ расонида шавад:
- дар поликлиникаҳо;
- беморхонаҳо ва дигар ва дигар муассисаҳои тиббии давлатӣ.
Аммо, дастрасӣ ба суғуртаи ҳатмии тиббӣ барои коргарони муҳоҷир аз мӯҳлати ҳадди ақали собиқаи суғурта вобаста аст.
Собиқаи суғурта — ин давраест, ки дар он барои корманд саҳмҳои суғурта ба низоми суғуртаи ҳатмии тиббӣ расман пардохт карда мешавад..
Ба таври оддӣ, ин вақти кори расмӣ, ки барои он корфармо саҳмҳоро ба фонди СҲТ пардохт мекунад.
Аз соли 2026 инҷониб, барои коргарони хориҷие, ки муваққатан дар Русия зиндагӣ мекунанд ва тибқи патент ё иҷозатномаи корӣ кор мекунанд, мӯҳлати ҳадди ақали суғурта муқаррар карда шудааст:
– 5 соли пардохти расмии ҳаққи суғурта ба системаи СҲТ.
Танҳо пас аз иҷрои ин шарт, шахс метавонад ба суғуртаи ҳатмии тиббӣ дар асоси умумӣ дастрасӣ пайдо кунад.

Шартҳои нав ба инҳо тааллуқ доранд:
- шаҳрвандони хориҷӣ, ки бо патент дар Русия кор мекунанд;
- коргарни хориҷӣ бо иҷозатномаи корӣ;
- муҳоҷирони муваққатан истиқоматкунанда, ки расман дар ФР кор мекунанд.
Барои суғурта мӯҳлати ҳадди ақали собиқа талаб карда намешавад:
- мутахассисони баландихтисос;
- кормандони ширкатҳои хориҷӣ, ки ба филиалҳо ва намояндагиҳои Русия фиристода шудаанд (дар баъзе мавридҳо).
Ҳадди ақали собиқаи суғурта — мӯҳлати кори расмӣ мебошад, ки барои дастрасӣ ба системаи СҲТ зарур аст. Дар соли 2026, ин давра барои аксари коргарони хориҷӣ панҷ солро ташкил медиҳад.






