4 Август 2026

Бе ин рақам, дар Русия расман кор кардан ғайриимкон аст.

Бе ин рақам, дар Русия расман кор кардан ғайриимкон аст.

Агар шумо нақша доред, ки расман дар Русия кор кунед, ба шумо РМА —рақами мушаххаси андозсупоранда лозим аст.


Маҳз мувофиқи ин ҳуҷҷат, давлат пардохти андозҳоро ба назар мегирад ва корфармо ҳуҷҷатҳои зиёдро омода мекунад.


РМА чист?
РМА — ин рақами беназирест, ки ба ҳар як андозсупоранда дода мешавад..


Он барои ин лозим аст:
- расман кор кардан;
- андоз супоридан;
- пгирифтани маош;
- баъзе хизматрасониҳои давлатӣ ва бонкиро истифода бурдан.


Гирифтани РМА ҳатмист?
Агар шумо дар Русия расман кор кунед, ба шумо РМА зарур аст.


Одатан, ҳангоми ба кор қабул кардан, корфармо ин рақамро талаб мекунад. Агар РМА надошта бошед, метавонед онро тавассути идораи андоз ё МФЦ гиред.


Дар куҷо РМА-и худро пайдо кардан мумкин аст?
Агар РМА аллакай таъин шуда бошад, шумо метавонед онро пайдо кунед:

- дар сомонаи хадамоти Федералии андоз ;
- тавассути ҳисоби шахсии дар Госуслуги;
- бо муроыиат ба хадамоти андоз.


Барои чь нигощ доштани РМА мущим аст?
РМА на танҳо ҳангоми муроҷиати аввалин барои кор кардан лозим аст. Он аксар вақт ҳангоми иваз кардани ҷойҳои корӣ, пур кардани ҳуҷҷатҳо, кушодани суратҳисобҳои бонкӣ ва гирифтани баъзе хизматрасониҳои давлатӣ дархост карда мешавад.


Аз ин рӯ, пас аз гирифтан, беҳтар аст, ки рақамро нигощ дред ва дастрас бошад.

photo_2026-08-06_17-01-07.jpg

РМА — яке аз ҳуҷҷатҳои асосӣ барои кори расмӣ дар Русия. Агар шумо нав омадед ва нақшаи ёфтани кор дошта бошед, беҳтар аст, ки онро пешакӣ дастрас кунед, то ба кор шурӯъ карданро ба таъхир нагузоред.


Хабарҳои охиринро дар бораи қонунгузории муҳоҷират дар телеграм-канали мо ва MAX хонед

Ҳисобкунаки интиқол

Маблағро фавран ба хона, бе пардохти пинҳонӣ ва бо қурби одилона фиристед.

Ӯзбекистон
Бо рақами корт UzCard/HUMO, ё ба бонк бо рақами телефон ба UzCard/HUMO
  • Ӯзбекистон
  • Озарбойҷон
  • Тоҷикистон
RUB
UZS

Қурби беҳтарин айни ҳол

Гузаронидан

Фавран

Комиссия

Бе комиссия

Роҳи осони хурсанд кардани наздикон

Ба ҳеҷ куҷо рафтан ва навбатро интизор шудан лозим нест - шумо метавонед интиқолҳоро дилхоҳ вақт фиристед.

Маълумоти бештар