Вақте ки шумо ба Русия меоед ва дар манзил маскун мешавед, бояд дар мақомоти муҳоҷират ба қайд гиред. Барои ин хабарнома оиди воридшавӣ дода мешавад.
Соддатар гӯем, давлат бояд донад, ки шумо дар куҷо зиндагӣ мекунед
ӣ бояд хабарнома фиристад?
Одатан инро тарафи қабулкунанда анҷом медиҳад:
- соҳиби манзил;
- ркорфармо (агар бо манзил таъмин карда бошад);
- меҳмонхона ё хостел.
Дар баъзе ҳолатҳо, шаҳрванди хориҷӣ метавонад худаш хабарнома пешниҳод кунад - масалан, агар ӯ дар хонаи худ зиндагӣ кунад ё тавассути Госуслуги бо розигии соҳибхона..
Мӯҳлати пешкашкунӣ
Қоидаи умумӣ —давоми 7 рӯзи корӣ пас аз маскуншавӣ.
Аммо истисноҳо мавҷуданд:
- шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон — то 15 рӯз;
- шаҳрвандони Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон — то 30 рӯз;
Муҳим: Агар шумо мӯҳлатро риоя накуне — ин вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират аст.

Барои муҳоҷир чӣ муҳим аст?
Ҳатто агар шумо ҳуҷҷатҳоро пешниҳод накунед ҳам, ҷавобгарӣ метавонад ба шумо низ дахл дошта бошад.
Ҳатман:
1. Санҷед, ки шумо ба қайд гирифта шудаед;
2. Қисми қудошавандаи хабарномаро (ё нусхаи онро) гирифта, нигоҳ доред - ин далели он аст, ки шумо ба қайд гирифта шудаед.
Хабарнома оиди рафтан на ҳамақт ирсол карда мешавад
Агар шумо кӯчидед ва дар суроғаи нав ба қайд гирифта шудед ё Русияро тарк карда бошед, ба таври автоматӣ аз қайд хориҷ карда мешавед.
Аммо агар шумо дар асл дар суроғае, ки бақайдгирифта шудаед, зиндагӣ накунед, тарафи қабулкунанда бояд хабарномаи рафтанро пешниҳод кунад.
Бақайдгирии муҳоҷират расмият нест. Бе он, будубоши шумо метавонад ҳамчун қонуншиканӣ ҳисобида шавад.
Беҳтар аст, ки фавран санҷед, ки оё ҳама чиз дуруст анҷом дода шудааст, назар ба баъд ҳал кардани мушкилот.
Барои боварӣ ҳосил кардан, ки шумо қонуни муҳоҷиратро риоя мекунед, метавонед худро дар базаи РКЛтариқи хизматрасонии Migrant ID санҷед — хизматрасонӣ ёри медиҳад, то фаҳмед, ба қонуншикани роҳ додаед ё не.






