Метавонед кӯдакро то ба синни балоғат расидан дар мактаби варзишӣ номнавис кунед. Ҳамзамон, синни ҳадди ақали таҳсил барои намудҳои гуногуни варзиш метавонад фарқ кунад - ин маълумотро ҳангоми интихоби раванди аниқ фаҳмидан мумкин аст.
- Қоидаҳои умумии номнависӣ
- Бо мақсади номнавис кардани кӯдак дар мактаби варзишӣ бояд ариза пешниҳод кунед. Инро бо ду роҳ иҷро кардан мумкин аст: бо муроҷиати шахсӣ ба мактаби варзишӣ, ё онлафн, тариқи портали "Госуслуги".
- Пас аз баррасии ариза, мактаби варзишӣ кӯдакро ба озмоишҳои дохилшавӣ даъват мекунад. Бояд ҳамроҳи кӯдак ҳозир шуд. Тибқи натиҷаҳои санҷишҳо, ба кабинети шахсии аризадиҳанда бо тавсияҳо, инчунин бо натиҷа - бо радкунӣ ё тасдиқи қабул хабарнома ворид мешавад.
- Агар кӯдак қабул карда шавад, барои барасмият даровардани ҳуҷҷатҳои минбаъда шахсан ба мактаби варзишӣ рафтан лозим мешавад.

- Чи тавр ба ариза таъғирот бояд ворид намуд
Агар ариза тавассути "Госуслуги" пешниҳод карда шавад, онро таъғир ё бекор кардан ғайриимкон аст. Инчунин, ҳангоми баррасии барнома, таъғир додани мактаби интихобшудаи варзишӣ ё гурӯҳи қабул ғайриимкон аст. Аммо, агар мехоҳед, шумо метавонед аризаи алоҳида ба мактаби дигари варзишӣ пешниҳод кунед.
- Сабти ном дар якчанд мактабҳои варзишӣ
Иҷозат дода мешавад, ки дар як вақт ба якчанд мактаб ариза пешкаш намоед. Барои ин, бояд ба ҳар як мактаб аризаи алоҳида пешниҳод кунед.
Ҳамин тариқ, раванди сабти ном дар мактаби варзишӣ хеле содда ва қулай аст, алахусус ҳангоми истифодаи хизматрасонии "Госусулгуи". Асос - бодиққат пайгирӣ кардани мӯҳлат ва талаботи ҳар як мактаб, то ин ки ба кӯдак барои бо намуди дӯстдоштаи варзиш шароит фароҳам оваред.