11 Декабр 2025

Чӣ тавр дар Русия ДМС гирифтан мумкин аст ва он чиро дар бар мегирад

Чӣ тавр дар Русия ДМС гирифтан мумкин аст ва он чиро дар бар мегирад

Агар шумо дар Русия кор кунед, суғуртаи тиббӣ ҳатмӣ аст. Барои шаҳрвандони хориҷӣ, ин аксар ДМС мебошад суғуртаи ихтиёрии тиббӣ, ки бо он бе сарфаи калон дар клиникаҳои шахсӣ ва давлатӣ табобат гирифтан мумкин аст.


ДМС ба муҳоҷир барои чӣ лозим аст


Аксарият танҳо полиси суғуртаи оддӣ доранд, ки табобат, муоина ё муроҷиат ба духтурро рӯйпйш намекунад. Дар натиҷа, ҳар шахс худаш барои пардохт мекунанд ва нархи хизматрасонӣ дар клиникаҳои хусусӣ мумкин аст хело баланд бошад.


ДМС барои аз сарфаи калон пешгирӣ кардан ва кӯмаки тиббии босифат гириффтан кӯмак мерасонад


Ҳар як ширкати суғурта метавонад барномаҳои гуногунро пешниҳод кунад, аммо суғуртаи стандартӣ одатан инҳоро дар бар мегирад:

- Машварати терапевт ва духтурони соҳавӣ;

- Таҳлилҳо ва ташхисҳо (ултрасадо, рентген ва ғайра);

- Ёрии таъҷилӣ;

- Бистарӣ шудан (бо барномаҳои васеъ);

- Навиштани дорухат;

- Табобати шамолхӯрӣ ва сироятҳои шадиди вирусии роҳи нафас.


Муҳим: ДМС одатан ҷароҳатҳои кори хатарнок, табобат ҳангоми маст будан аз машрубот ё бемориҳои музминро фаро намегирад, агар дар шартнома пешбинӣ нашуда бошад.


дмс 2.png

Гирифтани ДМС 5–10 дақиқа талаб мекунад. Ба шумо даркор мешаванд:

- Шиноснома;

- Патент ё иҷозат барои кор кардан;

-Бақайдгирӣ (муваққатӣ ё доимӣ)


Раванд содда аст: ширкати суғуртаро интихоб кунед → барномаро интихоб кунед → шартномаро имзо кунед → полиси электрониро тавассути телефон ё почтаи электронӣ мегиред.


Арзиши ДМС барои шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия хело фарқ мекунад. Ба арзиш ин омилҳо таъсир мерасонанд:

- Шаҳр ва минтақае, ки шумо кор мекунед;

- Ширкати суғуртавӣ;

- Маҷмӯи хизматрасониҳои тиббӣ;

- Оё барнома бистарӣ шуданро дар бар мегирад ё танҳо кӯмаки амбулаторӣ.


Одатан, нақшаҳои асосӣ арзонтаранд ва камтарини хидматрасониҳои заруриро фаро мегиранд,суғуртаи васеъ бошад - арзиши зиёдтар дорад, лекин барои дастрасии духтурҳои зиёд ва муоинаҳо имконият медиҳад.

Ҳисобкунаки интиқол

Маблағро фавран ба хона, бе пардохти пинҳонӣ ва бо қурби одилона фиристед.

Ӯзбекистон
Бо рақами корт UzCard/HUMO, ё ба бонк бо рақами телефон ба UzCard/HUMO
  • Ӯзбекистон
  • Озарбойҷон
  • Тоҷикистон
RUB
UZS

Қурби беҳтарин айни ҳол

Гузаронидан

Фавран

Комиссия

Бе комиссия

Роҳи осони хурсанд кардани наздикон

Ба ҳеҷ куҷо рафтан ва навбатро интизор шудан лозим нест - шумо метавонед интиқолҳоро дилхоҳ вақт фиристед.

Маълумоти бештар