Бақайдгирӣ — яке аз муҳимтарин ҳуҷҷатҳо барои муҳоҷирӣ меҳнатӣ. Маҳз аз сабаби хатогӣ дар бақайдгирӣ одамонро аксар ба ҷарим, бекоршавии патент ва мушкилиҳо ҳангоми санҷиш оварда мерасонад..
Дар зер — хатогиҳои аз ҳама маъмултарин, ки роҳ дода мешавад.
Хатогии аввал — гузаштани мӯҳлати бақадгирӣ. Бисёриҳо фикр мекунанд, ки агар патент пардохта шуда бошад, пас ҳама чиз бо бақайдгирӣ дуруст аст. Ин дуруст нест. Бақайдгирӣ мӯҳлати анҷом дорад ва бояд эътибор дошта бошад. Ҳатто як рӯз дер кардан вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷират ҳисобида мешавад.
Хатогии дуюм — бақайдгирӣ на дар он ҷое, ки муҳоҷир зиндагӣ мекунад. Шахс дар як ҷо зиндагӣ мекунад, аммо дар ҷои дигар ба қайд гирифта шудааст. Ин ҳангоми санҷиш ба осонӣ ошкор карда мешавад ва ҳамчун қонуншиканӣ ҳисобида мешавад. Бақайдгирӣ бояд бо ҷои воқеии истиқомат мувофиқат кунад.
Хатои сеюм — такя ба соҳибхона аст. Аксар вақт мегӯянд: «Соҳибхона худаш хабарнома ва бақайдгириро анҷом медиҳад». Дар натиҷа, ҳеҷ кас чизеро намефиристад ва масъулият ба дӯши муҳоҷир меафтад. Чунин масъалаҳоро бояд шахсан назорат кард.
Хатогии чорум — таъғир додани суроға бе нав кардани бақайдгирии . Ба хонаи дигар кӯчидед — бояд аз нав бақайдгирӣ кунед. Бақайдгирии кӯҳна дигар эътибор надорад, ҳатто агар мӯҳлаташ нагузашта бошад.

Хатогии панҷум — бақайдгирии қалбакӣ аст.«Бақайдгирии арзон бидуни иқомат»-ро пешниҳод мекунанд. Ин қонуншикании ҷиддӣ аст. Чунин бақайдгирӣ ба осонӣ ошкор карда мешавад ва метавонад боиси ҷарима, бекор кардани патент ва депортатсия гардад.
Барои пешгирӣ аз мушкилот, муҳим аст, ки мӯҳлати бақайдгирӣ, суроғаи зист ва ҳуҷҷатҳои худро пайгирӣ кунед. Бақайдгирӣ расмият нест, балки талаботи ҳатмӣ барои истиқомати қонунӣ дар ФР аст.






