7 Апрел 2026

Чӣ гуна дар Русия шаҳодатномаи ронандагии хориҷӣ ва байналхалқиро иваз бояд кард?

Чӣ гуна дар Русия шаҳодатномаи ронандагии хориҷӣ ва байналхалқиро иваз бояд кард?

Ба аксари муҳоҷирони меҳнатӣ барои кор лозим аст мошин ронанд: кашонидани бор, такси, сохтмон, соҳаи нақлиёт. Аз ин рӯ, фаҳмидан муҳим аст, ки кадом шаҳодатномаҳо дар Русия эътибор доранд ва кадом вақт онҳоро иваз бояд кард


Шаҳодатномаҳои ронандагии хориҷӣ на ҳамеша эътибор доранд. Дар аксар мавридҳо, онро бояд иваз кард:
- пас аз 1 сол баъд аз гирифтани ВНЖ ё шаҳрвандии ФР;
- пас аз 1 сол баъди ворид шудан ба Русия (барои шаҳрвандони ФР бо шаҳодатномаи ронандагии хориҷӣ).


Пас аз гузаштани ин мӯҳлат идоракунии мошин бо шаҳодатномаи ронандагии хориҷӣ мумкин нест — ин қонуншиканӣ ҳисоб меёбад.


Барои иваз кардани шаҳодатномаи ронандагии хориҷӣ лозим аст:

Тайёр кардани ҳуҷҷатҳо:
1. Шиноснома + тарҷумаи нотариалӣ (агар бо забони русӣ набошад);
2. Шаҳодатномаи ронандагии хориҷӣ + тарҷума;
3. Ҳуҷҷат оиди қонуни будани будубошт(корти мигратсионӣ, ВНЖ ва ҳоказо);
4. Ҳуҷҷат оиди муоинаи тиббӣ (003-В/у);
5. Дар баъзе ҳолатҳо — ҳуҷҷат оиди таҳсил дар мактаби ронандагӣ.


Додани ариза:
– тариқи Госуслуги;
– ё дар БДА.


Пас аз ин ба БДА рафтан лозим аст. Дар он ҷо ҳуҷҷатҳоро месанҷанд ва мумкин аст супоридани имтиҳонро талаб намоянд. Шумо метавонед ҳамаи категорияҳо ё қисми онҳоро гузаронед. Имтиҳон аз рӯи категорияи баландтарин супорида мешавад.


Шаҳодатномаҳои ронандагии байналхалқӣ иваз карда намешаванд. Онҳо дар якҷоягӣ бо шаҳодатномаи миллӣ амал мекунанд ва пас аз гирифтани шаҳодатномаи ронандагии русия аз нав ба расмият дароварда мешаванд.

photo_2026-04-07_22-12-17.jpg

Агар кори шумо ронандагиро талаб кунад, нав кардани шаҳодатномаи ронандагиро ба таъхир нагузоред. Ҳуҷҷатҳои нодуруст метавонанд боиси ҷарима ва манъи идоракунии автомобил шаванд.


Хабарҳои охиринро дар бораи қонунгузории муҳоҷират дар телеграм-канали. мо хонед.

Ҳисобкунаки интиқол

Маблағро фавран ба хона, бе пардохти пинҳонӣ ва бо қурби одилона фиристед.

Ӯзбекистон
Бо рақами корт UzCard/HUMO, ё ба бонк бо рақами телефон ба UzCard/HUMO
  • Ӯзбекистон
  • Озарбойҷон
  • Тоҷикистон
RUB
UZS

Қурби беҳтарин айни ҳол

Гузаронидан

Фавран

Комиссия

Бе комиссия

Роҳи осони хурсанд кардани наздикон

Ба ҳеҷ куҷо рафтан ва навбатро интизор шудан лозим нест - шумо метавонед интиқолҳоро дилхоҳ вақт фиристед.

Маълумоти бештар