30 Июн 2026

Думаи давлатӣ қоидаҳои нави гирифтани РВП, ВНЖ ва шаҳрвандӣ дар соли 2026-ро тасдиқ кард.

Думаи давлатӣ қоидаҳои нави гирифтани РВП, ВНЖ ва шаҳрвандӣ дар соли 2026-ро тасдиқ кард.

Думаи давлатӣ дар хониши аввал лоиҳаи қонунеро қабул кард, ки метавонад қоидаҳои гирифтаниРВП, ВНЖ ва шаҳрвандии Русияро барои шаҳрвандони хориҷӣ сахттар кунад.


Айни замон, агар ҷиноятҳои вазнин ё махсусан вазнин маҳкумияти бекорнашуда ё бардоштанашуда мавҷуд бошад, ҳуҷҷатҳо метавонанд рад карда шаванд ё бекор карда шаванд..


Тибқи лоиҳаи қонуни нав, ҳама гуна ҷиноznb бардоштанашуда, новобаста аз вазнинии ҷиноят, метавонад асоси радкунӣ гардад.


Чӣ таъғирот пешниҳод карда мешавад:

1.Ҳангоми дархост барои гирифтани РВП, РВП барои таҳсил ё ВНЖ, шаҳрвандони аз 14-сола боло бояд шаҳодатнома дар бораи надоштани доғи судӣ ё ҳуҷҷат бо маълумот оиди ҷинояти содиршуда пешниҳод кунанд..

2. Мавҷудияти ҳама гуна ҷинояти бардоштанашуда метавонад асоси рад кардани додани РВП ё ВНЖ бошад;

3. Ҳангоми баррасии дархостҳо барои гирифтани шаҳрвандии Русия низ ҳамин қоида татбиқ карда мешавад.

photo_2026-06-23_15-01-25.jpg

Фаҳмидани муҳим аст: ин танҳо лоиҳаи қонунест, ки аз хониши аввал гузаштааст. Барои эътибор пайдо кардани қоидаҳои нав, ҳуҷҷат бояд аз баррасии минбаъда гузарад ва дар ниҳоят қабул карда шавад.


Дар лоиҳаи қонун инчунин муқаррар шудааст, ки талаботи нав ба шаҳрвандони хориҷие, ки пеш аз эътибор пайдо кардани қонун РВП, ВНЖ ё дигар иҷозатномаҳоро гирифтаанд, татбиқ намегарданд.


Онҳое, ки нақшаи гирифтани РВП, ВНЖ ё шаҳрвандӣ доранд, бояд таъғироти қонунгузориро назорат кунанд ва ҳуҷҷатҳои заруриро пешакӣ омода созанд..


Хабарҳои охиринро дар бораи қонунгузории муҳоҷират дар телеграм-канали мо хонед

Ҳисобкунаки интиқол

Маблағро фавран ба хона, бе пардохти пинҳонӣ ва бо қурби одилона фиристед.

Ӯзбекистон
Бо рақами корт UzCard/HUMO, ё ба бонк бо рақами телефон ба UzCard/HUMO
  • Ӯзбекистон
  • Озарбойҷон
  • Тоҷикистон
RUB
UZS

Қурби беҳтарин айни ҳол

Гузаронидан

Фавран

Комиссия

Бе комиссия

Роҳи осони хурсанд кардани наздикон

Ба ҳеҷ куҷо рафтан ва навбатро интизор шудан лозим нест - шумо метавонед интиқолҳоро дилхоҳ вақт фиристед.

Маълумоти бештар