Беш аз сеяки шаҳрвандони хориҷӣ дар кӯшиши аввалини худ аз имтиҳон барои гирифтани патент ё иҷозатномаи корӣ нагузаштанд. Чунин маълумот дод Вазорати маориф ва илми Русия.
Аз ин рӯ, дар ин мақола дида мебароем:
- кадом талаботҳо дар соли 2026 амал мекунанд;
- Чӣ тавр барои санҷиши дониш омодагӣ бояд дид.
Дар имтиҳон чӣ таъғир ёфт?
Аз 10 июли соли 2025 талабот барои имтиҳони забони русӣ сахттар шуд.
Таъғироти асосӣ ба гӯш кардан таъсир расониданд — саволҳое, ки фаҳмидани нутқи русиро бо гӯш талаб мекунанд. Шумораи чунин саволҳо зиёд карда шудааст. Ғайр аз ин, барои гузаштан аз имтиҳон, дар ин бахш холҳои ҳадди ақали зарурӣ талаб карда мешаванд
Хориҷиёне, ки барои гирифтани иҷозатномаи иқомати муваққатӣ (РВП) ё иҷозатномаи иқомати доимӣ (ВНЖ) муроҷиат мекунанд, инчунин бояд аз имтиҳонҳои гӯш кардан ва гуфтан холҳои гузаришро ба даст оранд. Шумораи саволҳои имтиҳон низ зиёд карда шудааст.
Хабарҳои охиринро дар бораи қонунгузории муҳоҷират дар телеграм-канали мо ва MAX хонед
Чиқадар муҳоҷирон аз имтиҳон нагузаштанд?
Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илм, аз моҳи октябр то декабри соли 2025 беш аз 201,5 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ барои гирифтани патент ё иҷозатномаи корӣ имтиҳон супориданд.
35,5% иштирокчиён вазифаҳоро дар кӯшиши аввал иҷро накарданд.
Аммо, мувофиқи натиҷаҳои мониторинг, 87,9% иштирокчиён аз имтиҳон гузаштанд. Ин рақамҳо аҳамияти омодагии пешакӣ, бахусус барои вазифаҳои фаҳмиши суханро нишон медиҳанд..

Чӣ тавр ба имтиҳон омодагӣ бояд дид?
Худро танҳо ба азёд кардани калимаҳои алоҳида маҳдуд кардан лозим нест. Муҳим аст, фаҳмидани саволҳо бо забони русӣ, чавоб додан ба онҳо ва фаҳмиш дар ҳолатҳои оддии ҳаётӣ.
Омӯзиши забонро аз онлайн-курси ройгон дар SalamPay оғоз кардан мумкин аст.
Курс 15 дарси видеоӣ бо забони узбекӣ ва супоришҳои хонагиро дар бар мегирад. Ин барои азхуд кардани асосҳои забони русӣ ва мустаҳкам кардани донишҳои бадастовардаатон кӯмак мекунад.






