Дар Русия боҷҳои нави давлатӣ барои муҳоҷират эътибор пайдо карданд. Таъғирот ба коркарди РВП, ВНЖ, иҷозатномаҳои корӣ, шаҳрвандӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо дахл дорад.
Дида мебароем, ки ҳоло чӣ қадар бояд пардохт кард ва дар кадом ҳолатҳо боҷи давлатиро баргардонидан мумкин аст.
Ҳаҷми боҷ:
- ВНЖ — 30 000 ₽;
- РВП — 15 000 ₽;
- РВП барои таҳсил — 8 000 ₽;
- иҷозатномаи кор — 5 000 ₽;
- қабул ба шарвандии Русия ё баромадан аз он — 50 000 ₽;
- раводиди бисёркарата — 6 000 ₽;
- даъватнома барои вуруд — 8 000 ₽;
- Иҷозатнома барои киро кардани коргарони хориҷӣ – 15 000 ₽ барои ҳар як корманд.
Инчунин боҷҳои алоҳида барои иваз кардани РВП — 6000 рубл — ва додани нусхаи РВП ё РВПТ — 5 000 ₽.
Читавр боҷро дуруст пардохт бояд кард?
Тафсилоти пардохт вобаста ба минтақа ва хидмат фарқ мекунад, аз ин рӯ, маълумотро аз квитансияи кӯҳна ё аз интернет гирифташуда, истифода набаред.
Тафсилоти пардохти ҷорӣро метавон дар вебсайти расмии ВКД, аз шӯъбаи муҳоҷират ё ҳангоми пардохт тавассути хидматҳои бонкӣ, ки дар он ҷо онҳо ба таври худкор ворид карда мешаванд, дастрас кард.
Пас аз пардохт, квитансияро ҳатман нигоҳ доред.

Боҷро баргардонидан мумкин аст?
Бале, дар баъзе мавридҳо. Шумо метавонед барои баргардонидани маблағ дар давоми се сол аз рӯзи пардохт муроҷиат кунед, масалан, агар:
- зиёда аз маблағи зарурӣ пардохт кардаед;
- боҷро пардохт кардед, вале тасмим гирифтед, ки ариза пешниҳод накунед;
- ариза бе барраси баргардонида шуд.
Аммо, як истиснои муҳим вуҷуд дорад. Агар дархост аллакай баррасӣ шуда бошад ва ҳуҷҷат аз рӯи моҳияти худ рад карда шавад, маблағи пардохтшуда баргардонида намешавад.
Барои баргардонидани маблағ, ба шӯъбаи муҳоҷирати ВКД ариза пешниҳод кардан ва ҳуҷҷатҳои заруриро замима кардан лозим аст. Баргардонидани маблағ дар давоми як моҳ баррасӣ карда мешавад.
Пеш аз пур кардани ҳуҷҷатҳо, ҳаҷми маблағи ҷорӣ ва тафсилоти минтақаи худро пешакӣ тафтиш кунед. Ин кӯмак мекунад, ки аз пардохти зиёдатӣ ва зарурати баргардонидани маблағ пешгирӣ карда шавад.






