☝️ Мо якчанд маслиҳатҳои муҳимро аз одамоне, ки муваффақияти худро дар амал собит кардаанд интихоб кардем. Ин тавсияҳоро истифода баред, инкишоф ёбед ва давлатманд шавед. Чӣ қадаре ки шумо муваффақ бошед, ҳамон қадар роҳат, бехатарӣ ва ғамхорӣ ба худ ва оилаатон дода метавонед! Ва мо чун ҳамеша барои интиқоли пул ба Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон бе фоиз ва бо қурби одилона кӯмак мерасонем!
1. ДЖЕК МА, 59 СОЛА
Соҳибкори Хитои, асосгузори «Alibaba Group». Дар Хитой, дар оилаи оддии мусиқинавоз таваллуд ёфта, маълумоти педагогӣ гирифтааст. Аммо дар соли 1995 ӯ тасмим гирифт, ки тиҷорати худро кушояд ва он муваффақ шуд. То соли 2022 дороии ӯ 23,4 миллиард доллар арзёбӣ шудааст.
💬 «Шумо бенаво ҳастед, зеро хоҳиши комёбшавиатон кам аст! Ояндаи шумо аз қудрати хоҳиши комёбшавии шумо вобаста аст. Хоҳиши комёбшавӣ - ин сифатест, ки метавонад ба шумо барои расидан ба орзуҳои дастнорас кӯмак кунад!»
Шарҳи SalamPay: Ба худ бовар кунед, орзуҳои бузург кунед, аз гузоштани ҳадафҳои баланд натарсед. Тавре ки дар зарбулмасал мегӯянд, "Барои расидан ба моҳ, бояд ситораҳоро ҳадаф гири".
2. МУКЕШ АМБАНИ, 67 СОЛА
Раис ва директори иҷроияи «Reliance Industries», сарватмандтарин соҳибкори ҷаҳон, сарватмандтарин шахси Ҳиндустон тибқи маҷаллаи Forbes дар соли 2008 дороияш ба маблағи 117,8 млрд. $
💬 «Мо пайваста барои ба даст овардани он чизе, ки хоҳиш дорем, мубориза мебарем. Муҳимтарин чизе, ки ман дар ҳаёт омӯхтам, ҳеҷ гоҳ таслим нашавед, зеро шумо ҳеҷ гоҳ бо кӯшиши аввалини худ муваффақ намешавед.»
Шарҳи SalamPay: тибқи омор, беш аз 80% соҳибкорони нав дар соли аввал муфлис мешаванд. Бисёре аз тоҷирони барҷаста тавонистанд дар 10-20 кӯшиш тиҷорати муваффақро ташкил диҳанд. Агар онҳо фавран бас мекарданд, комёб намегаштанд! Агар ноком шавед, таслим нашавед. Бархезед, аз нав сар кунед. Ҳеҷ гоҳ рӯҳафтода нашавед ва нагузоред, ки танқид ва шубҳа рӯҳияи шуморо заиф созад. Устуворона ба сӯи мақсади худ ҳаракат кунед ва шумо бешубҳа ба муваффақият ноил мешавед!
3. САИД ТАЛИБОВ, 31 СОЛА
Бузургтарин соҳибкори Ӯзбекистон. Бизнеси оилавии фармасевтии «ASKLEPIY Group»-ро инкишоф медиҳад, муассиси ширкатҳои шахсии STM Logistics, PakhtCargo.
💬 "Оила макони қувват ва нуқтаи саъй аст" "Ман кайҳо боз аҳамияти чунин захираро чун вақт дарк кардам. Ҳарчанд забонзада садо диҳад ҳам, сарф кардани он осон аст ва бо тамоми пули дунё баргардониданаш ғайриимкон аст.»
Шарҳи SalamPay: Саид дар телеграм канали худ тавсия медиҳад, ки одатҳои зеринро бояд коркард кунед, барои идора кардани вақте, ки шумо метавонед ба оилаатон ҷудо кунед:
- гузоштани афзалиятҳо - вазифаҳоро ба муҳим ва на он қадар муҳим тақсим кунед
- календарро барои банақшагирӣ истифода баред ва рӯйхати корҳои муҳимро дар он қайд кунед, то шумо ҳеҷ гоҳ онҳоро фаромӯш накунед
- сарҷамъ бошед ва парешон нашавед. Ба шумо лозим аст, ки вақтро ба як кор ҷудо кунед, смартфон ва дигар чизҳои парешонкунандаро як сӯ гузоред!
- бояд дорои маълумот буд. Дониста бошед, ки дар атрофи шумо чӣ рӯй медиҳад, хабарҳои шаҳр, кишвар ва ҷаҳонро пайгирӣ кунед.
- Ҳатман барои оила ва истироҳат вақт ҷудо кунед. Беҳтараш - якҷоя ва солим!
4. АЗИЗҶОН АЗИМӢ, ТОҶИКИСТОН
Нахустин Тоҷикистонӣ дар рӯйхати Forbes «30 то 30». Лоиҳаи IT-и ӯ Zypl.ai 25 000 000 доллар арзиш дорад.
💬 «Барои инкишофи худ инсон набояд фаромӯш кунад, ки ӯ фарзанди кадом миллат аст»
Шарҳ аз SalamPay: ҳатто ҳангоми зиндагӣ дар Русия ҳам бояд анъанаҳои ватани худро дар хотир дошта, имони худро нигоҳ доред. Дар шаҳрҳои калон, ба монанди Москва, ба васваса дода шудан осон аст. Аммо ба эътиқоди худ пайравӣ карда, бо ин хислатҳои беҳтарини халқҳои моро нишон додан беҳтар аст, на балки қабул кардани одатҳои бад.
Дар хотир дошта бошед, ки халқи шуморо аз рӯи шумо баҳо медиҳанд. Вақте ки шумо дар кишвари дигар ҳастед, барои обрӯи мардуми худ масъулияти махсус доред. Дурандеш бошед, бо шараф ва виҷдон амал кунед!
5. ДЖЕФФ БЕЗОЗ, 60 СОЛА
Ба рӯйхати 3 шасони сарватмандтарини дунё тааллуқ дорад. Худаш тиҷорати шахсиашро (Amazon.com) дар гаражаш оғоз кардааст. Дороии ӯ 194 млрд $-ро ташкил медиҳад.
💬 «Муҳаррики пешрафт ва навоварӣ - сарфакорӣ ва дигар маҳдудиятҳост. Пас, вақте ки ба шумо лозим меояд, ки берун рафтанро аз чорчӯбаи танг омӯзед, шумо ба ҷустуҷӯи роҳҳои нави аслӣ шурӯъ мекунед.»
Шарҳи SalamPay: бо барномаи мо эҳтиёткорӣ ва сарфакориро инкишоф додан қулай аст, ки дар он шумо ҳамеша метавонед қурби муфиди интиқолро санҷед ва бештар сарфа кунед, зеро мо барои интиқол фоиз намеситонем!
SalamPay ба Шумо ва наздикони Шумо гулгулшукуфониро таманно дорад!
Ба блоги мо SalamPay обуна шавед, то аз мақолаҳои нави муфид дар бораи кор, пул ва зиндагии бароҳат барои дар Русия будагон, бехабар намонед.